Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ҳамеша Яҳуваро дар ёд доред

Ҳамеша Яҳуваро дар ёд доред

Вақте ёфтани кор душвор мешавад, пеш аз ҳама аз пайи Подшоҳии Худо шудан ва меъёрҳои одилонаи Ӯро дар ҷойи аввал мондан душвор мегардад. Васваса пайдо шуда метавонад ба коре розӣ шавем, ки ба хизмати мо халал мерасонад ё принсипҳои Китоби Муқаддасро вайрон мекунад. Лекин мо бояд ба худ ёдрас кунем, ки Яҳува ба касоне ки «дилашон ба ӯ пурра содиқ аст» ёрдам мекунад (2Вқ 16:9). Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба Падари меҳрубони мо халал намерасонад, ки ба мо чизҳои лозимаро диҳад (Рм 8:32). Барои ҳамин, вақте мо оиди кор ягон қарор қабул мекунем, бояд пурра ба Яҳува таваккал кунем ва бо хизмати ӯ банд бошем (Зб 16:8).

ВИДЕОНАВОРИ «АЗ ҶОНУ ДИЛ БА ЯҲУВА ХИЗМАТ КУНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чаро Ҷейсон пора гирифтан нахост?

  • Чӣ тавр принсипи Қӯлассиён 3:23-ро ба кор бурдан мумкин аст?

  • Намунаи Ҷейсон ба Томас чӣ хел таъсир расонд?

  • Гузоред, ки Яҳува ба қарор ва амалҳои шумо таъсир расонад

    Чӣ тавр принсипи Матто 6:22-ро ба кор бурдан мумкин аст?