БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Маводи нави таълимиро фаъолона истифода баред
Мо шодем, ки барои гузаронидани омӯзиш брошура ва китоби нав дорем, ва дуо мегӯем, ки Яҳува барои тайёр кардани шогирдони бисёр кумак кунад (Мт 28:18–20; 1Қр 3:6–9). Чӣ тавр ин маводи навро дар хизмат истифода бурдан мумкин?
Дар адабиёти «То абад зинда бошед!» тарзи нави омӯзиши Китоби Муқаддас пешкаш шудааст. Ба ҳар як омӯзиш тайёрӣ бинед ва кӯшиш кунед, ки дар рафти омӯзиш қадамҳои зеринро ба кор баред. *
-
Ҳамроҳи омӯзанда маълумоти овардашударо хонед ва саволҳоро муҳокима кунед.
-
Махсусан ба оятҳое, ки «хонед» навишта шудааст, диққат диҳед. Ба омӯзанда кумак кунед, то бинад, ки чӣ тавр ин оятҳо бо мавзӯъ алоқаманданд.
-
Видеонаворҳоро якҷоя тамошо карда бо ёрии саволҳое, ки оварда шудаанд, онҳоро муҳокима намоед.
-
Ҳаракат кунед, ки дар як омӯзиш як дарсро гузаред.
Дар хизмат аввал брошураро пешниҳод кунед, то фаҳмед, ки оё шахс ба омӯзиш шавқ дорад ё не. (Ба чорчӯбаи «Чӣ тавр брошураи “То абад зинда бошед!”-ро дар сӯҳбати аввал пешкаш кунем?» нигаред.) Агар шумо бо шахс ҳама дарсҳои брошураро муҳокима кунед ва ӯ давом додан хоҳад, он гоҳ ба ӯ китобро пешниҳод намуда аз дарси 4-уми он омӯзишро сар кунед. Вале агар бо омӯзанда яке аз маводи таълимиро омӯхта истода бошед, пас ба китоби «То абад зинда бошед!» гузаред ва қарор кунед, ки аз кадом дарсаш омӯзишро давом диҳед.
ВИДЕОНАВОРИ «АЗ ОМӮЗИШИ КИТОБИ МУҚАДДАС БАҲРА БАРЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Омӯзанда дар рафти омӯзиши маводи нав чиро мефаҳмад?
-
Чаро ин видеонаворро ба шахсе, ки омӯзиш карданиед, нишон додан лозим аст?
-
Омӯзандаро ба гузоштани кадом мақсадҳо даъват кардан лозим аст? (Ба чорчӯбаи «Мақсадҳо барои ҳар як бахш» нигаред.)
^ сарх. 4 ЭЗОҲ: Ҳарчанд дар вақти омӯзиш гузаштани маълумоти бахши «Дида бароед» ихтиёрист, ҳангоми тайёрӣ ҳама мақолаҳоро хонед ва видеонаворҳоро тамошо кунед. Ҳамин тавр шумо мефаҳмед, ки махсусан кадом маълумот барои омӯзанда манфиатовар мешавад. Дар намуди электронии ин адабиёт барои видео ва маводи иловагӣ пайвандҳо оварда шудаанд.
Мақсадҳо барои ҳар як бахш |
|||
---|---|---|---|
ДАРСҲО |
МАВЗӮИ АСОСӢ |
ЧӢ БОЯД КАРД |
|
1–12 |
Китоби Муқаддас аз кадом ҷиҳат манфиатовар аст ва муаллифи он кист. |
Омӯзандаро даъват кунед, ки Китоби Муқаддасро хонад, ба омӯзишҳо тайёрӣ бинад ва дар вохӯриҳои ҷамоат иштирок кунад. |
|
13–33 |
Худо барои мо чӣ кор кард ва чӣ тавр Ӯро ба таври дуруст ибодат кардан лозим аст. |
Омӯзандаро даъват кунед, ки чизҳои фаҳмидаашро ба дигарон нақл кунад ва воиз шавад. |
|
34–47 |
Чӣ тавр худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доштан мумкин аст. |
Омӯзандаро даъват кунед, ки ҳаёташро ба Яҳува бахшида таъмид гирад. |
|
48–60 |
Худо аз хизматгоронаш чиро интизор аст. |
Ба ӯ ёрдам кунед, ки фарқ кардани неку бадро ёд гирад ва рӯҳан рушд кунад. |