Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Волидон, ба фарзандонатон ёрдам кунед, ки хиради Худоро ба даст оранд

Волидон, ба фарзандонатон ёрдам кунед, ки хиради Худоро ба даст оранд

Яке аз роҳҳои беҳтарине, ки волидон ба фарзандони худ барои ба даст овардани хиради Худо ёрдам карда метавонанд, ин вохӯриҳои ҷамоат мебошанд. Агар кӯдакон дар ҷамъомад бодиққат бошанд ва дар муҳокима иштирок намоянд, онҳо дар бораи Яҳува бисёр чизро мефаҳманд ва бо ӯ дӯсти наздик мешаванд (5Мс 31:12, 13). Волидон, чӣ тавр шумо ба фарзандатон кумак карда метавонед, ки аз вохӯриҳо бештар манфиат гирад? Ана якчанд маслиҳат:

  • Ҳаракат кунед, ки ба вохӯриҳои ҷамоат, ба ибодатгоҳ равед (Зб 22:22).

  • Вақт ҷудо карда бо бародару хоҳарон пеш ё баъди вохӯрӣ муошират кунед (Ибр 10:25).

  • Бигзор ҳар як узви оилаатон нусхаи адабиётеро, ки дар вохӯрӣ муҳокима мегардад, дар намуди электронӣ ё чопӣ дошта бошад.

  • Ба кӯдакатон ёрдам кунед, то шарҳашро чунон тайёр кунад, ки бо суханони худаш гуфта тавонад (Мт 21:15, 16).

  • Дар бораи ҷамъомадҳо ва таълиме, ки дар он ҷо мегиред, мусбӣ гап занед.

  • Ба фарзандонатон кумак кунед, ки дар рӯбучини ибодатгоҳ ёрдам диҳанд ва бо бародару хоҳарони пиронсол муошират кунанд.

Барои он ки кӯдакон дӯсти Яҳува шаванд, бисёр заҳмат кардан даркор аст. Баъзан ин шояд имконнопазир тобад, вале фаромӯш накунед, ки Яҳува ҳамеша ба кумаки шумо тайёр аст (Иш 40:29).

ВИДЕОНАВОРИ «ВОЛИДОН, БА ҚУВВАИ ЯҲУВА ТАКЯ КУНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр хастагиву бемадорӣ ба Зак ва Леё таъсир расонд?

  • Чаро волидон бояд аз Яҳува қувват пурсанд?

  • Чӣ тавр Зак ва Леё ба Яҳува такя карданд?