Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

16–22 сентябр

ЗАБУР 85–87

16–22 сентябр

Суруди 6 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Дуо кумак мекунад, ки истодагӣ кунем

(10 дақ.)

Аз Яҳува хурсандӣ пурсед (Зб 86:4).

Аз Худо илтиҷо кунед, ки барои вафодор монданатон кумак расонад (Зб 86:11, 12; w12 15.5 саҳ. 25, сарх. 10).

Дилпур бошед, ки Яҳува ба дуоҳоятон ҷавоб медиҳад (Зб 86:6, 7; w23.05 саҳ. 13, сарх. 17, 18).


АЗ ХУД ПУРСЕД: «Оё ман дар вақти тангиҳо ба Яҳува мунтазам ва дурудароз дуо мегӯям?» (Зб 86:3).

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 86:11 — Мо аз суханони Довуд дар бораи дили рамзиямон чӣ мефаҳмем? (w20.06 саҳ. 13, сарх. 17, 18).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кунед (lmd дарси 3, қисми 5).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Ба шахсе, ки вай дафъа хавотирияшро дар бораи рӯйдодҳои охир гуфта буд, омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кунед (lmd дарси 7, қисми 4).

6. Шогирд тайёр кунед

(5 дақ.) lff дарси 15, қисми 5. Бо омӯзандаи худ маслиҳат кунед, ки дар ҳафтаи набуданатон чӣ тавр омӯзишро давом дода метавонад (lmd дарси 10, қисми 4).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 45

7. «Зиқ нашав!»

(5 дақ.) Муҳокима.

ВИДЕОРО монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • «Барои чӣ мо баъзан дар хизмат зиқ шуда метавонем?

  • Барои чӣ зиқ шудан даркор нест?»

8. Пешкаш кардани омӯзиши Китоби Муқаддасро давом диҳед

(10 дақ.) Муҳокима.

Оё шумо дар вақти маъракаи махсус аз китобчаи «То абад зинда бошед!» омӯзиш сар карда тавонистед? Агар ҳа, шубҳае нест, ки аз ин хеле хурсанд шудед. Эҳтимол, дигарон низ бо шумо якҷоя хурсандӣ карда рӯҳбаланд шуданд. Лекин, агар шумо ҳоло омӯзанда пайдо накарда бошед, шояд, зиқ шуда фикр кунед, ки кӯшишҳоятон дар хизмат беҳудаанд. Дар ин ҳолат чӣ кор кардан лозим аст?

ВИДЕОНАВОРИ «Бо пурсабрӣ хизматгори Худо буданамонро нишон медиҳем. Дар хизмат»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Вақте натиҷаи хизматамонро намебинем, чӣ тавр суханони 2 Қӯринтиён 6:4, 6 ба мо ёрдам дода метавонанд?

  • Агар кӯшиши омӯзиш сар карданамон самар наорад, дар тарзи хизмати худ чиро тағйир додан мумкин аст?

Дар ёд доред, ки хурсандии мо аз шумораи омӯзандагон вобаста нест. Донистани он ки Яҳува кӯшишҳоямонро қадр мекунад, ба мо хурсандии ҳақиқӣ меорад (Лқ 10:17–20). Аз ин рӯ дар маъракаи махсус аз таҳти дил иштирок намуданро давом диҳед ва дилпур бошед, ки «меҳнати шумо дар роҳи Худо беҳуда нест» (1Қр 15:58).

9. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 4 ва дуо