Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

2–8 сентябр

ЗАБУР 79–81

2–8 сентябр

Суруди 34 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Ба номи пурҷалоли Яҳува эҳтиром гузоред

(10 дақ.)

Аз ҳар коре, ки номи Яҳуваро доғдор мекунад, даст кашед (Зб 79:9; w17.02 саҳ. 9, сарх. 5).

Номи Яҳуваро бихонед (Зб 80:18; ijwbv мақолаи 3, сарх. 4, 5).

Яҳува итоаткоронеро, ки ба номаш эҳтиром мегузоранд, ба таври фаровон баракат медиҳад (Зб 81:13, 16).

Вақте аз дигарон Шоҳиди Яҳува буданамонро пинҳон намекунем, корҳоямон номи Яҳуваро ҷалол дода метавонанд

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 80:1 — Барои чӣ дар Китоби Муқаддас қабилаҳои Исроил баъзан ба номи Юсуф хонда шудааст? (it «Юсуф»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(1 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кунед (lmd дарси 4, қисми 4).

5. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кунед (lmd дарси 4, қисми 3).

6. Суҳбатро сар кунед

(2 дақ.) ХИЗМАТ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ. Омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кунед (lmd дарси 3, қисми 3).

7. Шавқмандонро хабар гиред

(5 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Ба шахсе, ки пеш омӯзиш кардан намехост, омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кунед (lmd дарси 8, қисми 3).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 9

8. «Онҳо номи маро ҷалол медиҳанд»

(15 дақ.) Муҳокима.

Шайтон дар боғи Адан номи Яҳуваро сиёҳ кард. Аз он вақт сар карда ҳар як инсону фаришта интихоб дорад, ки номи Худоро пок созад ё не.

Шайтон Иблис дар бораи Яҳува дурӯғро паҳн мекунад. Масалан, ӯ мегӯяд, ки Яҳува ҳокими бераҳму золим аст (1Мс 3:1–6; Аб 4:18, 19). Ин сияҳкор даъво дорад, ки хизматгорони Яҳува ӯро дӯст намедоранд (Аб 2:4, 5). Шайтон ҳатто миллионҳо одамонро бовар кунондааст, ки Офаридгор вуҷуд надорад. Барои ҳамин бисёр одамон фикр мекунанд, ки олами гирду атрофи мо худ аз худ пайдо шудааст (Рм 1:20, 21).

Вақте шумо дар ҳаққи Яҳува чунин суханони дурӯғро мешунавед, чӣ кор кардан мехоҳед? Эҳтимоли зиёд аст, ки тарафи Яҳуваро гирифта ӯро муҳофизат кардан мехоҳед. Яҳува дилпур буд, ки халқаш бо омодагӣ номи ӯро сафед кардан мехоҳад (Ишаъё 29:23). Ҳар яки мо барои ҷалол додани номи Худо чӣ кор карда метавонем?

  • Ба дигарон кумак кунед, ки Яҳуваро шинохта, ӯро дӯст доранд (Юҳ 17:25, 26). Ҳамеша тайёр бошед, ки вуҷуд доштани Худоро исбот намоед ва ба дигарон дар бораи хислатҳои беҳамтои ӯ нақл кунед (Иш 63:7).

  • Яҳуваро бо тамоми дил дӯст доред (Мт 22:37, 38). Ба амрҳои Яҳува гӯш диҳед. Албатта, итоаткорӣ ба худи мо фоида меорад, вале мо мехоҳем ин корро бештар барои хурсанд кардани дили Яҳува кунем (Пнм 27:11).

ВИДЕОНАВОРИ «Муҳаббат ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад, нигоҳ накарда ба таъсири муҳити бад дар мактаб»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Чӣ тавр Эриела ва Диего номи Яҳуваро ҳимоя карданд?

  • Чӣ ба онҳо дар ин кор ёрдам дод?

  • Чӣ тавр шумо мисли онҳо рафтор карда метавонед?

9. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 53 ва дуо