Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

7–13 октябр

ЗАБУР 92–95

7–13 октябр

Суруди 40 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Хизмат ба Яҳува роҳи беҳтарини ҳаёт аст!

(10 дақ.)

Яҳува лоиқи хизмати мост (Зб 92:1, 4; w18.04 саҳ. 26, сарх. 5).

Яҳува ёрдам медиҳад, ки қарорҳои дуруст қабул кунему хурсанд бошем (Зб 92:5; w18.11 саҳ. 20, сарх. 8).

Яҳува хизматгорони пиронсолашро қадр мекунад (Зб 92:12–15; w20.01 саҳ. 19, сарх. 18).

АЗ ХУД ПУРСЕД: «Чӣ ба ман халал мерасонад, ки ҳаётамро ба Худо бахшида, таъмид гирам?»

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 92:5 — Чаро суханони ин оят хиради Яҳуваро нағз тасвир мекунанд? (cl саҳ. 176, сарх. 18).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Ҳангоми суҳбат фурсат ҷуста гӯед, ки одамонро бо Китоби Муқаддас шинос мекунед (lmd дарси 5, қисми 3).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(3 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Ба шахсе, ки пеш омӯзиш кардан намехост, омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кунед (lmd дарси 8, қисми 4).

6. Шогирд тайёр кунед

(5 дақ.) Суҳбат бо омӯзандае, ки пешравӣ намекунад (lmd дарси 12, қисми 5).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 15

7. Ҷавонон низ аз ҳисси хавотирӣ азоб мекашанд

(15 дақ.) Муҳокима.

Хизматгори Яҳува буданамон моро аз ташвишу хавотириҳо озод намекунад. Масалан, Довудро баъзан ҳисси хавотирӣ азоб медод. Имрӯз низ ин душворӣ ба бисёр бародару хоҳарон шинос аст (Зб 13:2; 139:23). Афсӯс, ҳатто масеҳиёни ҷавон аз ҳисси хавотирӣ азоб мекашанд. Аз пушти ин беморӣ баъзан иҷрои корҳои одӣ — мактаб ё ҷамъомадравӣ, барояшон душвор аст. Ҳисси хавотирӣ одамро ба ваҳму воҳима меафтонад ё дар сараш фикри худкуширо пайдо месозад.

Ҷавонон, агар шумо аз ҳисси хавотирӣ азоб кашед, дар ин бора бо волидонатон ва ё ягон масеҳии рӯҳан баркамол гап занед. Ҳамчунин дар дуо аз Яҳува кумак пурсед (Фп 4:6). Ӯ ҳатман ба дуоятон ҷавоб медиҳад (Зб 94:17–19; Иш 41:10). Биёед мисоли бародар Стингро дида бароем.

ВИДЕОНАВОРИ «Яҳува ғамхори ман буд»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

• Кадом оят ба бародар Стинг ёрдам дод?

• Чӣ тавр Яҳува дар бораи ӯ ғамхорӣ намуд?

Волидон, шумо ба фарзандонатон ёрдам дода метавонед, ки дар мубориза бо ҳисси хавотирӣ дастболо шаванд. Онҳоро пурсаброна гӯш кунед, меҳратонро нишон диҳед ва дилпур созед, ки Яҳува дӯсташон медорад (Тит 2:4; Яқ 1:19). Аз Яҳува хоҳиш кунед, ки барои дастгирии фарзандонатон ба шумо қуввати ҷисмониву равонӣ диҳад.

Мо, шояд, надонем, ки дар ҷамоат кӣ аз ҳисси хавотирӣ азоб мекашад ё донем ҳам, мумкин, ҳиссиёташонро пурра нафаҳмем. Лекин ҳамаи мо метавонем ба ҳар як узви ҷамоат кумак кунем, ки худро дӯстдоштаву пурарзиш ҳис кунад (Пнм 12:25; Ибр 10:24).

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 45 ва дуо