Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Одамони маҳаллатонро ба Шоми ёдбуд даъват кунед!

Одамони маҳаллатонро ба Шоми ёдбуд даъват кунед!

Имсол аз 27-уми феврал сар карда мо он касонеро ки аз маросими марги Масеҳ манфиат гирифта метавонанд, даъват мекунем, масалан, шавқмандон, хешутабор, шиносон ва ҳамкоронро. Албатта, ҳангоми таклиф кардани касе боандеша будан лозим аст (Мат. 10:16, 17).

ҚАДАМҲО

ПЕШНИҲОДИ ХУДРО ГӮЕД

«Агар ягон шахс барои халос кардани шумову наздиконатон ҷонашро аз даст медод, шумо чӣ ҳис мекардед? Оё фаромӯш кардани амали вай дуруст мебуд? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Дар Китоби Муқаддас дар бораи он касе навишта шудааст, ки барои наҷот додани одамизод, аз он ҷумла ману шумо вафот кард. Ин Исо мебошад. Вай аз тарафи Худо фиристода шуд, то одамизодро наҷот диҳад. [Матто 20:28-ро хонед.]»

Агар шахс шавқ зоҳир кунад...

  • ДАЪВАТНОМАРО ПЕШКАШ КУНЕД

    Шоми пеш аз маргаш ӯ аз шогирдонаш хоҳиш кард, ки ин воқеаи муҳимро фаромӯш накунанд. [Луқо 22:19-ро хонед.] Аз он вақт инҷониб, ҳар сол одамони аз Худо миннатдор ин воқеаи муҳимро ҷашн мегиранд. Имсол, ин рӯз ба 23-юми март, баъди ғуруби офтоб рост меояд. [Агар бамавқеъ бошад, дар бораи вақт ва ҷойи гузаштани Шоми ёдбуд хабар додан мумкин аст.] Дар бораи вохӯрии оянда (шояд то Шоми ёдбуд) гапзанон кардан мумкин аст.

  • ВИДЕО ДАР БОРАИ ШОМИ ЁДБУДРО НИШОН ДИҲЕД

    Барои боздид асос гузоред.

Ҳангоми боздид шумо метавонед...

  • ВИДЕОИ «ЧАРО КИТОБИ МУҚАДДАСРО БОЯД ОМӮХТ»-РО НИШОН ДИҲЕД

    Сипас, омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кунед.

  • КИТОБИ «ТАЪЛИМОТ»-РО ПЕШКАШ КУНЕД

    Дар бораи Шоми ёдбуд аз саҳ. 206–208 маълумоти бештар диҳед. Сипас, ин китобро пешкаш кунед.

  • БРОШУРАИ «ХУДОРО ГӮШ КУНЕД»-РО ПЕШКАШ КУНЕД

    Саҳифаҳои 18, 19-ро истифода бурда маънои марги Масеҳро муҳокима намоед. Сипас ин брошураро пешкаш намоед.