Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ба кӯдакони худ кӯмак кунед, ки ба Яҳува имони қавӣ дошта бошанд

Ба кӯдакони худ кӯмак кунед, ки ба Яҳува имони қавӣ дошта бошанд

Офаридаҳо ҷалоли Яҳуваро эълон мекунанд (Зб 18:2–5; 138:14). Лекин ҷаҳони Шайтон оиди пайдоиши ҳаёт назарияҳои нодурустро паҳн кардааст, ки ин нисбати Худо беҳурматӣ аст (Рм 1:18–25). Чӣ кор кунем, ки чунин ақидаҳо дар дилу майнаи фарзандонамон реша надавонанд? Аз синни хурдсолӣ ба онҳо кӯмак кунед, то боварии пурра пайдо кунанд, ки Яҳува ҳаст ва ба ҳар яки онҳо ғамхорӣ мекунад (2Қр 10:4, 5; Эф 6:16). Кӯшиш кунед, ки андешаашонро дар бораи чизҳое ки дар мактаб меомӯзанд, фаҳмед ва бо ёрии маводҳои дастрас фикри дурустро ба онҳо таълим диҳед (Мс 20:5; Яқ 1:19).

ВИДЕОНАВОРИ «ҲАМСОЛОНАТ ЧӢ МЕГӮЯНД? БОВАРӢ БА ХУДО»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД САВОЛҲОИ ЗЕРИНРО ДИДА БАРОЕД:

  • Дар бораи Худо чӣ гуна ақидаҳои беасос вуҷуд доранд?

  • Дар мактаб ба шумо чиро таълим медиҳанд?

  • Барои чӣ шумо ба вуҷуд доштани Яҳува боварӣ доред?

  • Чӣ тавр шумо ба ягон кас фаҳмонда метавонед, ки ҳама чизро Худо офаридааст?