Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Адабиётамонро хирадмандона истифода баред

Адабиётамонро хирадмандона истифода баред

Исо гуфта буд: «Муфт ёфтаед, муфт диҳед» (Мт 10:8). Мо ба ин дастуроти аниқ гӯш дода Китоби Муқаддас ва адабиётамонро ба одамон бепул пешниҳод мекунем (2Қр 2:17). Ҳарчанд онҳо бепуланд, дар худ ҳақиқатҳои бебаҳои Каломи Худоро дар бар мегиранд. Барои чоп кардан ва ба тамоми ҷамъомадҳои ҷаҳон фиристодани ин адабиётҳо кӯшишу хароҷоти зиёд сарф мешавад. Барои ҳамин ба мо лозим аст, ки танҳо миқдори даркориро гирем.

Дар вақти тақсим кардани адабиётамон фаҳму хирадро ба кор баред (Мт 7:6). Ба ҷои танҳо ба одамон додани адабиёт, бо онҳо сӯҳбат карда фаҳмед, ки оё шавқ доранд ё не. Ба шумо саволҳои дар чорчӯба овардашуда дар ин кор кӯмак мекунанд. Агар шумо ақаллан ба яктои он ҷавоби мусбӣ диҳед, пас маълум мешавад, ки шунаванда шавқ дорад. Агар фаҳмидани шавқи шахс душвор бошад, беҳтараш ба ӯ рисола диҳед. Вале агар худи шахс маҷалла ё ягон адабиёти дигарро хоҳиш кунад, мо бо омодагӣ ба ӯ медиҳем (Мс 3:27, 28).