Соли таваҷҷӯҳи Яҳуваро эълон кунед
Соли таваҷҷӯҳи Яҳува гуфта, ягон соли аниқ дар назар дошта нашудааст
-
Ин муддатест, ки Яҳува ба одамони фурӯтан имконият медиҳад, ки хушхабарро қабул кунанд
-
Дар асри як соли таваҷҷӯҳи Худо аз соли 29-и милодӣ оғоз ёфт. Дар ин сол Исо хизмати худро сар кард. Соли таваҷҷӯҳи Худо то «рӯзи интиқом» (валангоршавии Ерусалим), яъне то соли 70-и милодӣ давом кард
-
Дар рӯзҳои мо соли таваҷҷӯҳи Худо аз соли 1914 сар шуд (вақте ки Исо ба тахт нишаст). Он то мусибати бузург давом меёбад
Яҳува халқашро ба воситаи «дарахтони адолат» баракат медиҳад
-
Одатан дарахтони калони ҷаҳон дар ҷангалҳо вомехӯранд, ки он ҷо ҳар як дарахт якдигарро муҳофизат мекунад ва ғизо медиҳад
-
Решаи дарахтони бо ҳам наздик чунон ба якдигар мепечанд, ки ба шамолҳои сахттарин тоб меоранд
-
Дарахтони баланд дарахтони ҷавонро бо сояашон муҳофизат мекунанд ва баргҳои рехтаашон хокро ғизо медиҳанд
Тамоми аъзоёни ҷамъомади масеҳӣ аз дастгирӣ ва муҳофизати дарахтони калони адолат, яъне боқимондаи тадҳиншудагон манфиат мегиранд