Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 14, 15

Ғизо додани одамони бисёр ба воситаи одамони кам

Ғизо додани одамони бисёр ба воситаи одамони кам

Соли 32-юми милод, дар арафаи иди Фисҳ, Исо мӯъҷиза кард ва он ягона мӯъҷизае мебошад, ки дар ҳар чор китоби аввали Навиштаҳои Юнонӣ омадааст.

Ба воситаи ин мӯъҷиза Исо намунае нишон дод, ки то имрӯз мувофиқи он амал мекунад.

14:16–21

  • Ҳарчанд шогирдони Исо панҷ нону ду моҳӣ дошта бошанд ҳам, ӯ ба онҳо фармуд, ки мардумро сер кунанд

  • Исо нон ва моҳиро гирифта дуо гуфт ва баъд ба шогирдонаш дод, то онҳо ба мардум тақсим кунанд

  • Ба шарофати ин мӯъҷиза ҳама сер шуданд. Исо ба воситаи шогирдонаш ҳазорҳо одамонро сер кард

  • Исо пешгӯйӣ карда буд, ки дар рӯзҳои охир хӯрок «сари вақт» дода хоҳад шуд (Мт 24:45)

  • Соли 1919 Исо «ғуломи бовариноку боандеша», яъне як гурӯҳи хурди бародарони тадҳиншударо таъин намуд, то «ғуломони дигари худ»-ро сер кунанд

  • Чуноне ки дар асри як буд, Исо ба воситаи гурӯҳи хурди бародарони тадҳиншуда одамони бисёрро сер карда истодааст

Чӣ тавр ман воситаеро, ки Исо барои додани ғизои рӯҳонӣ истифода мебарад, қадр ва ҳурмат карда метавонам?