Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Саволҳоро моҳирона истифода баред

Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Саволҳоро моҳирона истифода баред

ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ: Агар «андешаи дили одам обҳои чуқур» бошад, пас саволҳо ба сатиле монанданд аст, ки онҳоро кашида мебарорад (Мс 20:5). Саволҳо барои ҷалб кардани одамон ёрдам мекунанд. Одатан ба воситаи саволҳои хубинтихобшуда мо ҷавобҳоеро мегирем, ки маълумоти даркориро ба мо медиҳад. Исо саволҳоро моҳирона истифода мебурд. Чӣ тавр мо ба ӯ пайравӣ карда метавонем?

ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:

  • Саволҳои нуқтаи назарро ошкоркунанда. Исо барои фаҳмидани нуқтаи назари шогирдонаш якчанд саволҳо дод (Мт 16:13–16; be-U саҳ. 238, сарх. 3–5). Барои фаҳмидани нуқтаи назари шахс, шумо кадом саволҳоро медодед?

  • Саволҳои ёридиҳанда. Барои ислоҳ кардани фикри Петрус Исо ба ӯ саволҳо дод ва якчанд вариантҳои ҷавобро пешниҳод кард, то Петрус ба хулосаи дуруст биёяд (Мт 17:24–26). Барои он ки шахс ба хулосаи дуруст ояд, чӣ гуна саволҳоро додан мумкин аст?

  • Ҳамсӯҳбататонро таъриф кунед. Баъд аз «ҷавоби бохирадонаи» шариатдон Исо ӯро таъриф кард (Мқ 12:34). Чӣ тавр шумо шахсеро, ки ба саволатон ҷавоб дод, таъриф карда метавонед?

ҚИСМИ ЯКУМИ ВИДЕОНАВОРИ «КОРЕРО КУНЕД, КИ ИСО КАРДА БУД. ТАЪЛИМДИҲӢ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чаро ин тарзи таълимдиҳӣ, ҳарчанд маълумоти дуруст истифода бурда шавад ҳам, нодуруст аст?

  • Чаро мо бояд фақат худамон гап назанем?

ҚИСМИ ДУЮМИ ВИДЕОНАВОРИ «КОРЕРО КУНЕД, КИ ИСО КАРДА БУД. ТАЪЛИМДИҲӢ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр бародар саволҳоро моҳирона истифода бурд?

  • Мо боз кадом ҷиҳатҳои таълимдиҳии ӯро ёд гирифта метавонем?

Тарзи таълимдиҳии мо ба дигарон чӣ гуна таъсир карда метавонад? (Лқ 24:32)