БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Бо истодагарӣ интизор шавед
Оё шумо дер боз омадани Подшоҳии Худоро интизоред? Оё ба душвориҳо нигоҳ накарда истодагарӣ мекунед? (Рм 8:25). Баъзе масеҳиён бо нафрат ва муносибати бад рӯ ба рӯ мешаванд. Онҳоро ҳабс мекунанд ё ҳатто бо марг таҳдид менамоянд. Баъзеи дигар бошанд, бо бемории дурудароз ё пирӣ мубориза мебаранд.
Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба ин гуна душвориҳо нигоҳ накарда бо истодагарӣ интизор шавем? Мо бояд мунтазам Каломи Худоро хонем ва чуқур мулоҳиза ронем, то имони худро қавӣ нигоҳ дорем. Диққати худро ба умедамон равона созем (2Қр 4:16–18; Ибр 12:2). Аз Яҳува зориву илтиҷо кунем, то ба мо қувват диҳад (Лқ 11:10, 13; Ибр 5:7). Он гоҳ Падари меҳрубонамон ба мо кӯмак мекунад, ки «бо пурсабриву шодмонӣ то ба охир истодагарӣ» кунем (Қл 1:11).
ВИДЕОНАВОРИ «БО ИСТОДАГАРӢ ДАВЕД. ШУМО МУКОФОТРО БА ДАСТ МЕОРЕД!»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Дар ҳаёт бо чӣ гуна нокомиҳо дучор шуда метавонем? (Вз 9:11)
-
Чӣ тавр дуо дар озмоишҳо ба мо ёрдам мекунад?
-
Агар мо мисли пештара ба Яҳува бисёртар хизмат карда натавонем, бояд диққатамонро ба чӣ равона созем ва чаро?
-
Чӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки ба гирифтани мукофот шубҳа накунед?