БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Бо шахсе ки пешравӣ намекунад, омӯзишро бас кунед
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ: Барои наҷот ёфтан ба одамон зарур аст, ки номи Яҳуваро гиранд (Рм 10:13, 14). Вале на ҳамаи онҳое ки ба омӯзиш розӣ мешаванд, аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кардан мехоҳанд. Мо мехоҳем дар хизмат вақтамонро ба таври беҳтарин истифода бурда ба касоне ёрдам кунем, ки барои ба Яҳува писанд омадан дар ҳаёташон дигаргунӣ даровардан мехоҳанд. Агар омӯзанда муддати дуру дароз пешравӣ накунад, аз рӯйи хирад мебуд, ки мо қувватамонро барои касоне сарф кунем, ки Яҳува онҳоро ба Худ ва ба ташкилоташ ҷалб мекунад (Юҳ 6:44). Албатта, агар бо гузашти вақт маълум гардад, ки касе ки пештар ҳамроҳаш омӯзиш мекардем, «ба ҳаёти ҷовидонӣ моил» гаштааст, мо бо дилу ҷон омӯзишро аз нав сар мекунем (Ам 13:48).
ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:
-
Омӯзандаро таъриф кунед, ки дониши аниқ гирифтан мехоҳад (1Тм 2:4)
-
Қайд кунед, ки ба кор бурдани чизҳои аз Китоби Муқаддас фаҳмидааш хеле муҳим аст (Лқ 6:46–49)
-
Ҳамроҳи омӯзанда бо меҳрубонӣ мисоли корандаро муҳокима кунед ва пурсед, ки барои пешравӣ намудан ба вай чӣ халал мерасонад (Мт 13:18–23)
-
Боодобона фаҳмонед, ки барои чӣ шумо омӯзишро бо ӯ бас мекунед
-
Гӯед, ки вақт аз вақт ӯро хабар гирифта меистед ва агар вай дар ҳаёташ дигаргуниҳои лозимаро дарорад, ҳамон замон омӯзишро сар мекунед
ВИДЕОНАВОРРО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Чӣ тавр ин сӯҳбат нишон медиҳад, ки омӯзанда пешравӣ накарда истодааст?
-
Чӣ тавр бародар ба омӯзанда фаҳмонд, ки пешравӣ кардан муҳим аст?
-
Чӣ тавр бародар нишон дод, ки агар омӯзанда тайёр шавад, вай ҳатман аз нав ҳамроҳаш омӯзиш мекунад?