Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Оё шумо хислатҳои нонамоёни Худоро мебинед?

Оё шумо хислатҳои нонамоёни Худоро мебинед?

Вақте шумо гулҳои рангоранг, осмони пурситора ё шаршараи зеборо тамошо мекунед, оё дар ҳамаи ин дасти Офаридгорро мебинед? Офаридаҳо аниқу равшан дар бораи хислатҳои нонамоёни Яҳува шаҳодат медиҳанд (Рм 1:20). Вақте мо каме истода дар бораи табиати гирду атрофамон фикр мекунем, мо қувват, муҳаббат, хирад, адолат ва саховатмандии Худоро мебинем (Зб 103:24).

Шумо ҳар рӯз кадом офаридаҳои Яҳуваро мебинед? Ҳатто агар дар шаҳр зиндагӣ кунед ҳам, аз тамошои парандаҳову дарахтон баҳра бурда метавонед. Вақте мо офаридаҳои Яҳуваро бодиққат мушоҳида мекунем, ин ба мо ёрдам мекунад, ки дар бораи душвориҳоямон камтар ташвиш кашем ва ба онҳо дуруст муносибат кунем. Ҳамчунин боварии мо ба он зиёд мегардад, ки Яҳува дар бораамон абадан ғамхорӣ карда метавонад (Мт 6:25–32). Агар шумо кӯдак дошта бошед, ба ӯ ёрдам кунед, ки хислатҳои беҳамтои Яҳуваро бинад. Ҳар қадаре ки миннатдориамон барои офаридаҳо зиёд шавад, ҳамон қадар мо ба Яҳува наздиктар мешавем (Зб 8:3, 4).

ВИДЕОНАВОРИ «ОФАРИДАҲО ЯҲУВАРО ҶАЛОЛ МЕДИҲАНД. РӮШНОӢ ВА РАНГ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки рангҳоро бинем?

  • Чаро рангҳо тобиши гуногун мегиранд?

  • Чаро ранги осмон гуногун мешавад?

  • Кадом тобиши рангҳои табиат ба шумо маъқуланд?

  • Чаро мо бояд вақт ҷудо карда табиатро мушоҳида кунем?

Дар табиати рангоранг ва рӯшноӣ кадом хислатҳои Яҳуваро дидан мумкин аст?