ЧУН ПАЙРАВОНИ МАСЕҲ ЗИНДАГӢ КУНЕД
Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Барои боздид асос гузоред
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ:
Мо тухми ҳақиқатро, ки коштем об додан мехоҳем (1Қр 3:6). Вақте ки ягон шахс ба ҳақиқат шавқ зоҳир мекунад, хуб мебуд, ки барои муҳокимаи навбатӣ саволи кушод монем. Саволи кушод боздиди моро осон мекунад ва шахсро ба интизор шудан бармеангезад. Ҳангоми боздид мо метавонем гӯем, ки барои ба савол ҷавоб додан омадем.
ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:
-
Ҳангоми тайёр кардани пешниҳод барои мавъизаи хона ба хона якбора саволеро, ки дафъаи дигар ба он ҷавоб додан мумкин аст, тайёр намоед. Шумо ин саволро аз мавзӯи адабиёте, ки истифода бурданиед гирифта метавонед. Ё ин метавонад саволе бошад, ки ҷавобаш дар яке аз адабиётҳои барои омӯзиш пешбинӣ шуда ҷойгир бошад, ки шумо ҳангоми боздид онро пешкаш карданиед.
-
Дар охири сӯҳбат, ба шахси шавқманд хоҳиши боз ба наздаш омаданатонро гӯед ва саволи барои боздид тайёр кардаатонро диҳед. Агар ба маврид бошад, пурсед, ки чӣ тавр бо ӯ тамос гирифтан мумкин аст.
-
Агар шумо ба шахс ваъда дода бошед, ки дар ягон вақти аниқ меоед, ҳатман дар он вақт биёед (Мт 5:37).