ДАР КОРИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД
Гузаронидани омӯзиш ба воситаи брошураи «Хабарҳои нағз»
-
Саволи рақамдорро, ки бо ҳарфҳои ғафс чоп шудаанду диққати шахсро ба фикри асосӣ равона мекунанд, хонед
-
Сипас сархатро хонед
-
Оятҳои бо хати курсив қайдшударо хонед ва эҳтиромона саволҳо дода, ба шахс кӯмак намоед, то фаҳмад, ки чӣ тавр оят ба саволи додашуда ҷавоб медиҳад.
-
Агар ба савол дигар сархат низ дахл дошта бошад, қадамҳои 2-юм ва 3-юмро такрор кунед. Агар ягон видеонавор аз сайти jw.org ба саволи муҳокимашуда дахл дошта бошад, пас ҳангоми муҳокима онро нишон диҳед.
-
Дар охир барои боварӣ ҳосил кардан, ки соҳибхона мавзӯъро хуб фаҳмидааст ё не, аз ӯ хоҳиш кунед, то фикрашро нисбати савол гӯяд.