Намунаи пешниҳодот
ПЕШНИҲОДИ 1
Савол: Ба фикри шумо агар ҳама аз рӯи гуфтаҳои зерин зиндагӣ мекарданд, дунёи мо чӣ хел мешуд? [Ибриён 13:18-ро хонед ё аз ёд гӯед.]
Пешниҳод: Китоби Муқаддас моро бармеангезад, ки дар ҳама кор ростқавл бошем. Нигоҳ кунед, ки ин ба мо чӣ хел манфиат оварда метавонад.
Оят: Мт 5:8
ПЕШНИҲОДИ 2
Савол: Вақте ба сари мо душвориҳо меоянд мо ба кӯмак мӯҳтоҷ мешавем. Ба фикри шумо ин кӯмакро аз куҷо ёфтан мумкин аст? Шахсан ба ман маслиҳатҳои Китоби Муқаддас хеле ёрдам мекунанд.
Оят: Мс 17:22
Агар мо фикрҳои бадро аз сарамон дур карда танҳо дар бораи чизҳои хуб фикр кунем ин ба мо барои аз сар гузаронидани душвориҳо қувват мебахшад.
Пешниҳод: Ман мехостам, бори дигар омада ба шумо нишон диҳам, ки чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад. [Дарси 8-уми брошураи «Хабарҳои нағз»-ро истифода бурдан мумкин аст.]
ХУДО БАРОИ МО ХАБАРҲОИ НАҒЗ ДОРАД!
Савол: Ба фикри шумо чӣ гуна оянда ҳамаи одамонро интизор аст? Ояндаи хуб ё бад?
Оят: Ир 29:11
Пешниҳод: Мехостам ба шумо сабабҳои ба ояндаи хуб умед бастанро нишон диҳам. [Аз дарси 1, саволи 1-ро муҳокима кунед. Агар барои истифода бурдани брошура имконият набошад бо ҳамсӯҳбататон оятҳои овардашударо муҳокима кунед.]
ПЕШНИҲОДИ ХУДРО ТАЙЁР КУНЕД
Аз тарзи намунаҳои пешниҳодот истифода бурда пешниҳоди худро тайёр кунед.