Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Офаридаҳо боварии моро ба хиради Яҳува қавӣ мегардонанд

Офаридаҳо боварии моро ба хиради Яҳува қавӣ мегардонанд

Яҳува ҳамеша медонад, ки барои мо чӣ беҳтар аст. Агар мо ба ин бовар карда роҳнамоии Худоро ҷӯем, аз рӯйи хирад амал мекунем (Пнм 16:3, 9). Аммо, вақте ки фикри мо аз фикри Яҳува фарқ мекунад, имонамон санҷида мешавад. Дар бораи офаридаҳои Яҳува мулоҳиза рондан дилпуриамонро ба хиради Ӯ қавӣ мегардонад (Пнм 30:24, 25; Рм 1:20).

ВИДЕОНАВОРИ «ОЁ ИН ХУД АЗ ХУД ПАЙДО ШУДААСТ? ЧАРО МӮРЧАҲО ДАР РОҲАШОН ДАРНАМЕМОНАНД?»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Як рӯзи мӯрча чӣ хел мегузарад?

  • Барои чӣ мӯрчаҳо дар роҳашон дарнамемонанд?

  • Одамон аз ҳаракати мӯрчаҳо чӣ омӯхта метавонанд?

ВИДЕОНАВОРИ «ОЁ ИН ХУД АЗ ХУД ПАЙДО ШУДААСТ? ПАРВОЗИ ГОВЗАНБӮР»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Вақте одамон бо ҳавопаймои хурд парвоз карданд, бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд?

  • Чӣ тавр говзанбӯр дар вақти парвоз мувозинатро нигоҳ медорад?

  • Чӣ тавр одамон аз хиради табиии говзанбӯр манфиат гирифта метавонанд?

Шумо хиради Яҳуваро дар кадом офаридаҳои гирду атрофатон мебинед?