БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Ҷавонон, дили худро ба волидонатон кушоед
Чаро шумо бояд дили худро ба волидонатон кушоед? (Пнм 23:26). Чунки Яҳува онҳоро вазифадор кардааст, ки дар бораатон ғамхорӣ намоянд ва шуморо роҳнамоӣ кунанд (Зб 127:3, 4). Агар ҳама чизро дар дилатон гирифта гардеду ба онҳо нагӯед, ба волидонатон дар бораи шумо ғамхорӣ кардан душвор мегардад. Ғайр аз ин, шумо аз таҷрибаи онҳо чизеро ёд намегиред. Магар шарт аст, ки ҳама чизро ба волидонатон гӯед? Не, лекин эҳтиёт шавед, ки ба онҳо гапи дурӯғ назанед ва аз онҳо маълумотеро, ки ба донистанаш ҳақ доранд, баҷо накунед (Пнм 3:32).
Чӣ тавр шумо бо волидонатон гап зада метавонед? Вақтеро ҷудо кунед, ки ҳам барои шумо ва ҳам барои онҳо қулай аст. Агар ин душвор бошад, шумо метавонед ба ягонтои онҳо нома навишта ҳиссиётатонро гӯед. Лекин онҳо дар бораи мавзуе, ки шумо суҳбат кардан намехоҳед, гап задан хоҳанд-чӣ? Дар ёд доред, ки онҳо ғами шуморо мехӯранд. Ба волидонатон ҳамчун дӯст нигаред, на душман. Агар имрӯз кӯшиш карда бо волидонатон кушоду равшан муошират кунед, аз он ҷовидона баҳра мебаред (Пнм 4:10–12).
ВИДЕОНАВОРИ «АЙЁМИ НАВРАСИАМ. ЧӢ ТАВР БО ВОЛИДОНАМ ГАП ЗАНАМ?»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Эстер ва Партик дар бораи худ чиро фаҳмиданд?
-
Шумо аз мисоли Исо чӣ дарс мегиред?
-
Чӣ тавр волидони шумо ғамхориашонро нишон медиҳанд?
-
Кадом принсипҳои Китоби Муқаддас барои бо волидонатон гап задан ба шумо кумак мерасонанд?