БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Ҳаёти худро ба хизмати Яҳува бахшед
Агар шумо ҷавони масеҳӣ ё омӯзанда бошед, оё мақсади таъмид гирифтан доред? Чаро доштани чунин мақсад хуб аст? Вақте шумо худро ба Яҳува мебахшед ва таъмид мегиред, бо Яҳува муносибати махсус пайдо мекунед (Зб 90:1). Ин ду қадам ҳамчунин барои наҷот роҳ мекушояд (1Пт 3:21). Барои гузоштани ин қадамҳо шумо чӣ кор карда метавонед?
Пеш аз ҳама, боварӣ ҳосил кунед, ки роҳи интихоб кардаатон ҳақиқат аст. Агар дар саратон шубҳаҳо пайдо шаванд, тадқиқоти иловагӣ гузаронед (Рм 12:2). Дигаргуниҳоеро, ки дар ҳаётатон дароварданиед, муайян кунед. Боварӣ ҳосил кунед, ки ин корро бо нияти шод гардондани Яҳува карда истодаед (Мс 27:11; Эф 4:23, 24). Дуо гуфта аз Ӯ ёрдам пурсед. Яҳува бошад, ба воситаи рӯҳи муқаддасаш шуморо дастгирӣ карда қувват мебахшад (1Пт 5:10, 11). Кӯшишҳои шумо арзандаанд, зеро ба Яҳува хизмат кардан роҳи беҳтарини ҳаёт аст! (Зб 15:11).
ВИДЕОНАВОРИ «РОҲ СӮЙИ ТАЪМИД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Баъзеҳо барои таъмид гирифтан кадом душвориҳоро паси сар карданд?
-
Барои ҳаёти худро ба Худо бахшидан чӣ тавр шумо имонатонро инкишоф дода метавонед?
-
Барои чӣ баъзеҳо сӯйи таъмид қадамҳо гузоштанд?
-
Онҳое, ки ҳаёташонро ба хизмати Яҳува бахшиданд, соҳиби кадом баракатҳо шуданд?
-
Худро ба Худо бахшидан ва таъмид гирифтан чӣ маъно дорад?