Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Издивоҷатонро муҳофизат кунед

Издивоҷатонро муҳофизат кунед

Яҳува ба ваъдае, ки ҳамсарон ҳангоми оиладоршавӣ медиҳанд, ҷиддӣ муносибат мекунад ва мехоҳад, ки зану шавҳар як тан шаванд (Мт 19:5, 6). Дар байни халқи Худо бисёр оилаҳо хушбахтанд. Лекин ягон издивоҷ бекамбудӣ нест ва дар ҳар як оила душвориҳо ба миён меоянд. Имрӯзҳо, вақте ки гапи ҳамсарон мегурезад, одамони ҷаҳон барои нигоҳ доштани издивоҷ мубориза набурда, ҷудо мешаванд. Вале Шоҳидони Яҳува набояд чунин кунанд. Пас, чӣ тавр ҳамсарони масеҳӣ издивоҷи худро муҳофизат карда метавонанд?

Панҷ қадами зерин ба шумо ёрӣ мерасонад:

  1. Дили худро ҳифз карда, ба касе, ки ҳамсаратон нест, диққати ношоиста накунед ва аз вақтхушиҳои бадахлоқона, ки пайванди издивоҷатонро суст мегардонанд, дурӣ ҷӯед (Мт 5:28; 2Пт 2:14).

  2. Дӯстиатонро бо Яҳува мустаҳкам кунед ва кӯшиш кунед, ки издивоҷатон писанди Ӯ бошад (Зб 96:10).

  3. Минбаъд низ шахсияти навро дар бар кунед ва дар корҳои майда меҳрубонӣ зоҳир карда, ҳаёти ҳамсаратонро осонтар гардонед (Қл 3:8–10, 12–14).

  4. Дар оила муоширати хуб дошта, боэҳтиромона гап занед (Қл 4:6).

  5. Вазифаи заношӯиро ба ҷо оварда, нисбати ҳамсаратон меҳру навозиш зоҳир кунед (1Қр 7:3, 4; 10:24).

Вақте масеҳиён нисбати издивоҷ ҳурмату эҳтиром нишон медиҳанд, онҳо Барпокунандаи оила, Яҳуваро эҳтиром менамоянд.

ВИДЕОНАВОРИ «БО ИСТОДАГАРӢ ДАВЕД. ҚОНУНУ ҚОИДАРО ВАЙРОН НАКУНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Ҳатто агар издивоҷ саршавии хуб дошта бошад, кадом душвориҳо пайдо шуда метавонанд?

  • Чӣ тавр принсипҳои Китоби Муқаддас ба касоне, ки муҳаббати ҳамсарашонро ҳис намекунанд, кӯмак мерасонанд?

  • Принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор баред, то оилаатон хушбахт бошад

    Яҳува барои оила кадом қонуну қоидаҳоро муқаррар кардааст?

  • Барои хушбахтии оила ҳам шавҳар ва ҳам зан бояд чӣ кор кунанд?