Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Анҷуманҳои ҳарсола — имконияти зоҳир кардани муҳаббат

Анҷуманҳои ҳарсола — имконияти зоҳир кардани муҳаббат

Чаро мо аз анҷуманҳои ҳарсола ин қадар хурсандӣ мегирем? Чи хеле ки дар давраҳои исроилиён буд, имрӯзҳо низ дар анҷуманҳо мо бо ҳазорон бародарону хоҳарон Яҳуваро ибодат карда метавонем. Мо аз тамоми маълумоте, ки дар он ҷо мегирем, хеле хурсанд мешавем, зеро он ба мо ёрдам мекунад, ки бо Яҳува боз ҳам наздиктар шавем. Ҳамчунин мо дар он ҷо бо дӯстону оилаамон вақт мегузаронем ва инро хеле қадр мекунем. Барои ҳамин мехоҳем, ки аз ҳар се рӯзи анҷуман пурра манфиат гирем.

Вақте имконияти якҷоя ҷамъ шудан дошта бошем, мо бояд на танҳо дар бораи манфиати худамон, балки дар бораи ба дигарон муҳаббат нишон додан фикр кунем (Ғл 6:10; Ибр 10:24, 25). Агар мо барои бародарону хоҳарон дарро кушода истем ва танҳо ҷойҳои ба мо даркорро ишғол кунем, нишон медиҳем, ки дар бораи фоидаи дигарон фикр мекунем (Фп 2:3, 4). Анҷуманҳо барои ёфтани дӯстони нав имконияти хуб мебошанд. Барои ҳамин мақсад гузоред, ки пеш аз саршавӣ ва пас аз барномаи анҷуман, ҳамчунин дар давоми танаффуси нисфирӯзӣ бо касе шинос шавед (2Қр 6:13). Ҳамин тавр мо дӯстонеро пайдо карда метавонем, ки якумр дӯсти мо мемонанд! Ғайр аз ин, вақте дигарон муҳаббати ҳақиқии моро мебинанд, дар хизмати Яҳува ба мо ҳамроҳ шуда метавонанд (Юҳ 13:35).

ВИДЕОНАВОРИ «АНҶУМАНҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ “МУҲАББАТ ҲЕҶ ГОҲ АЗ БАЙН НАМЕРАВАД”»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр дар анҷуманҳои байналхалқии соли 2019 ба бародарону хоҳарони хориҷӣ муҳаббат зоҳир карда шуд?

  • Чаро муҳаббат ва ягонагие, ки дар байни халқи Яҳува ҳукмфармост, беҳамто мебошад?

  • Аъзои Ҳайати роҳбарикунанда кадом паҳлӯҳои муҳаббати масеҳиро қайд карданд?

  • Чӣ тавр шумо дар анҷуманҳо ба дигарон муҳаббат зоҳир карда метавонед?

    Чӣ тавр муҳаббати ҳақиқӣ дар Олмон ва Кореяи Ҷанубӣ ғалаба кард?

  • Мо бояд ба чӣ азми қавӣ дошта бошем?