Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Худо ва Исои Масеҳ моро озод мекунанд

Худо ва Исои Масеҳ моро озод мекунанд

Шумо ҳар рӯз бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешавед? Мумкин шумо сардори оила мебошед, ки ӯҳдадориҳои зиёд дорад. Ё шумо волиди танҳое ҳастед ва зиндагиатонро базӯр пеш мебаред. Ё ин ки шумо дар мактаб бо мазоҳу масхараи ҳамсолон дучор мешавед. Шояд саломатиатон хуб нест ё аз пиронсолӣ азоб мекашед. Ҳар яки мо душвориҳо дорем. Бисёр масеҳиён яку якбора бо якчанд озмоиш мубориза бурда истодаанд. Лекин мо медонем, ки ба наздикӣ Яҳува моро аз тамоми ин душвориҳо озод мекунад (2Қр 4:16–18).

То омадани он рӯз мо аз он тасаллӣ меёбем, ки Яҳува вазъиятамонро мефаҳмад, садоқату истодагарии моро қадр мекунад ва баракатҳои бузургро ваъда медиҳад (Ир 29:11, 12). Исо низ ба мо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Ӯ боварӣ бахшидааст, ки вақте вазифаҳои масеҳиамонро ба ҷо меорем, ӯ бо мо мешавад (Мт 28:20). Вақте мо дар бораи озодии ояндае, ки Подшоҳии Худо меорад, мулоҳиза меронем, умедамон мустаҳкамтар мешавад ва дар озмоишҳо истодагарӣ кардан бароямон осонтар мегардад (Рм 8:19–21).

ВИДЕОНАВОРИ «БО НАЗДИК ШУДАНИ РӮЗИ МУСИБАТ ДИҚҚАТРО БА ИСО РАВОНА КУНЕД! БАРАКАТҲОИ ОЯНДАИ ПОДШОҲӢ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр одамизод роҳгум зад ва чиро аз даст дод?

  • Одамонеро, ки ба Яҳува вафодоранд, чӣ гуна оянда интизор аст?

  • Ин ояндаи олиҷаноб ба воситаи чӣ имконпазир шуд?

  • Шумо кадом баракатҳои дунёи навро бесаброна интизоред?

Худро дар дунёи нав тасаввур кунед