Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Волидон, кӯдаконатонро таълим диҳед

Волидон, кӯдаконатонро таълим диҳед

Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки бадиро некӣ ва некиро бадӣ меномад (Иш 5:20). Афсӯс, баъзе одамон ба корҳое, ки Яҳува аз он нафрат дорад, аз ҷумла ба бадахлоқӣ байни одамони ҳамҷинс, даст мезананд. Ҳамсинфон ё одамони дигар метавонанд ҷавонони пурарзишамонро васваса карда, ба роҳи худ баранд. Чӣ тавр шумо ба фарзанди худ кӯмак карда метавонед, ки чунин васвасаҳоро бомуваффақият паси сар кунад?

Ба онҳо меъёрҳои Яҳуваро таълим диҳед (Ибд 18:3). Синну солашон ба назар гирифта, гӯед, ки Худо дар бораи алоқаи ҷинсӣ чӣ мегӯяд (ТкШ 6:7). Аз худ пурсед: «Оё ман ба кӯдаконам дуруст изҳор кардани муҳаббат ва муҳим будани пӯшидани сару либоси хоксоронаро ёд додаам? Оё онҳо медонанд, ки ҳангоми оббозӣ ва иваз кардани либос дигарон набояд онҳоро бинанд? Оё фарзандонам медонанд, ки чӣ бояд кард, агар ягон кас ба онҳо расму видеоҳои бешармонаро нишон диҳад ё аз вай кардани кореро хоҳиш кунад, ки ба Яҳува маъқул нест?» Агар кӯдаконатон дар бораи ин чизҳо донанд, аз бисёр душвориҳо эмин мешаванд (Мс 27:12; Вз 7:12). Бо таълим додани фарзандонатон, ки «мерос аз ҷониби» Яҳуваанд, шумо муҳаббати худро ба онҳо нишон медиҳед (Зб 126:3).

ВИДЕОНАВОРИ «ХОНАЕ СОЗЕД, КИ УСТУВОР БОШАД. ФАРЗАНДОНИ ХУДРО АЗ БАДӢ МУҲОФИЗАТ КУНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чаро баъзе волидон бо фарзандонашон дар бораи алоқаи ҷинсӣ гап заданро ба қафо мепартоянд?

  • Барои чӣ волидон бояд кӯдаконашонро «дар таълим ва насиҳати Яҳува тарбия» кунанд? (Эф 6:4)

  • Дониш муҳофизат мекунад

    Барои таълим додани фарзандон дар бораи алоқаи ҷинсӣ, ташкилоти Яҳува кадом маводи ёрирасонро фароҳам овардааст? (w19.05 саҳ. 12, чорчӯба)

  • Чаро шумо бояд пеш аз сар задани ягон душвории ҷиддӣ бо фарзандатон мунтазам муошират кунед?