БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Худо халқашро ба тартиб даровард, то ба ҳама хушхабарро расонад
Яҳува дар замонҳои пеш халқи Исроилро ба тартибу низом даровард, то ки хосташро иҷро кунад. Имрӯз низ дар ташкилоти Ӯ тартибу низом вуҷуд дорад ва ба туфайли ин мо супориши Ӯро иҷро карда метавонем. Дар тамоми ҷаҳон филиалҳо, ноҳияҳо, ҷамъомадҳо ва гурӯҳҳои хизматӣ барои паҳн кардани хушхабар ҳамкорӣ мекунанд. Мо ба ҳама мавъиза мекунем, аз ҷумла ба касоне, ки бо дигар забон гап мезананд (Вҳ 14:6, 7).
Оё шумо мехостед, ки барои паҳн кардани хушхабар дигар забонро ёд гиред? Ҳатто агар барои ёд гирифтани забон вақт надошта бошед, шумо метавонед ба воситаи барномаи JW Language пешниҳоди одиро аз худ кунед. Вақте шумо ин пешниҳодро дар хизмат истифода мебаред, мисли масеҳиёни асри як хурсанд мешавед. Ин бародарон беҳад шод шуданд, чунки одамони дигар ҷойҳо ба забони модарии худ «дар бораи корҳои бузурги Худо» шунида дар ҳайрат монданд (Ам 2:7–11).
ВИДЕОНАВОРИ «ДӮСТИ ЯҲУВА ШАВ! БО ЗАБОНИ ДИГАР МАВЪИЗА КАРДАНРО ЁД ГИР»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Барномаи JW Language дар кадом вақт ба шумо ёрдам карда метавонад?
-
Ин барнома чиро дар бар мегирад?
-
Дар маҳалли шумо одамон ба кадом забонҳо гап мезананд?
-
Агар шахси хориҷизабон ба хушхабар шавқ зоҳир кунад, шумо бояд чӣ кор кунед? (od-U саҳ. 100, 101, сарх. 39–41)