Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Имонатонро ба Каломи Худо қавӣ гардонед

Имонатонро ба Каломи Худо қавӣ гардонед

Каломи Худо ҳаёти моро дигаргун сохта метавонад (Ибр 4:12). Вале барои аз дастуру роҳнамоӣ ва маслиҳатҳои он баҳра бурдан мо бояд бовар дошта бошем, ки он дар ҳақиқат «каломи Худо» аст (1Тс 2:13). Чӣ тавр бовариамонро ба Китоби Муқаддас зиёд карда метавонем?

Ҳар рӯз порчаи Китоби Муқаддасро хонед. Ҳангоми хондан далелҳоеро ҷӯед, ки муаллифи ин китоб будани Яҳуваро исбот мекунанд. Масалан, китоби Пандномаро тадқиқ кунед ва ба маслиҳатҳои хирадмандонааш, ки то ҳол корбурданд, диққат диҳед (Пнм 13:20; 14:30).

Тадқиқ кунед. Бо далелҳое шинос шавед, ки аз тарафи Худо будани Китоби Муқаддасро исбот мекунанд. Барои ин «Роҳнамо»-ро кушоед, мавзуи «Китоби Муқаддас»-ро ёбед ва маводеро, ки зери сарлавҳаи «Зери илҳоми Худо» омадааст, дида бароед. Ҳамчунин шумо метавонед Замимаи А3-и «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав»-ро хонда бовариатонро ба он ки гуфтаҳои Китоби Муқаддас тағйир наёфтаанд, зиёд гардонед.

ВИДЕОНАВОРИ «МО БОВАР ДОРЕМ, КИ КАЛОМИ ХУДО ҲАҚИҚАТ АСТ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр бозёфтҳои девори ибодатгоҳ, ки дар шаҳри Карнаки Миср ёфт шуданд, ҳақ будани суханони Каломи Худоро исбот мекунанд?

  • Мо аз куҷо медонем, ки гуфтаҳои Китоби Муқаддас тағйир наёфтаанд?

  • Чӣ тавр то рӯзҳои мо омада расидани Китоби Муқаддас исбот мекунад, ки он Каломи Худост? (Ишаъё 40:8-ро хонед).