Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ба ҳолатҳои фавқулода пешакӣ тайёр шавед

Ба ҳолатҳои фавқулода пешакӣ тайёр шавед

Барои чӣ? Баъзан ногаҳон ҳолатҳое рӯй дода метавонанд, ки ба мо ёрии таъҷилии тиббӣ ва дар беморхона хоб кардан лозим мешавад. Аз ин рӯ пешакӣ ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед, то дар чунин ҳолатҳо кумаки беҳтарини тиббиро гирифта тавонед. Ин хел карда шумо нишон медиҳед, ки ҳаёт ва қонуни Яҳуваро дар бораи хун эҳтиром мекунед (Крн 15:28, 29).

Барои тайёр шудан чӣ кор кардан лозим?

  • Дуо гуфта варақаи «Ваколатномаи дахолати тиббӣ (dpa)»-ро пур кунед a. Воизони таъмидёфта метавонанд ин варақаро аз хизматгузоре, ки адабиёт тақсим мекунад, гиранд. Ҳамчунин онҳо метавонанд барои фарзандони ноболиғашон «Шаҳодатномаи шахсӣ» (ic) гиранд.

  • Агар шумо ҳомиладор бошед, аз пирон нусхаи варақаи S-401, «Маълумот барои ҳомиладорон»-ро гиред. Ин варақа ба шумо кумак мекунад, ки ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак дар масъалаҳои тиббӣ қарорҳои дуруст бароред.

  • Агар духтурон гӯянд, ки ба шумо гузаронидани хун ё дар беморхона хобидан лозим аст, пешакӣ пиронро хабардор кунед ва ба кормандони беморхона фаҳмонед, ки шумо мехоҳед, то Шоҳидони Яҳува ба назди шумо бе ягон монеа дароянд.

Чӣ тавр пирон кумак карда метавонанд? Онҳо ба шумо дар пур кардани ваколатнома ёрдам дода метавонанд. Лекин пирони ҷамоат ба ҷойи шумо қарор намебароранд ё нуқтаи назарашонро дар мавридҳое, ки ҳар як шахс бояд худаш қарор кунад, намегӯянд (Рм 14:12; Ғл 6:5). Вақте пиронро хабардор мекунед, ки шумо бо масъалаи хунгузаронӣ рӯ ба рӯ шудед, онҳо дарҳол бо Кумитаи кор бо беморхонаҳо тамос мегиранд.

Чӣ тавр Кумитаи кор бо беморхонаҳо кумак карда метавонад? Бародароне, ки дар ин кумита хизмат мекунанд, таълим дода мешаванд, то ақидаи динии моро дар бораи хунгузаронӣ ба духтурону ҳуқуқшиносон фаҳмонида тавонанд. Онҳо ба духтури шумо мефаҳмонанд, ки бо кадом роҳҳо бе хунгузаронӣ табобат кардан мумкин аст, ва, агар лозим бошад, онҳо духтуреро ёфта метавонанд, ки эътиқодатонро ба назар мегирад.

ВИДЕОНАВОРИ «ЧӢ ТАВР ДАР БОБАТИ ИСТИФОДА АЗ ХУН ҚАРОР БАРОРЕМ?»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Кадом маслиҳатҳои ин видеонавор ба шумо кумак мекунанд, ки ба ҳолатҳои таъҷилие, ки гузарондани хунро талаб мекунад, тайёр шавед?

a Дарси 39-уми китоби «То абад зинда бошед!» ба шумо кумак мекунад, ки оид ба хунгузаронӣ қарор бароред.