БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда ба фарзандонатон кумак кунед, ки комёб шаванд
Волидони масеҳӣ мехоҳанд, ки фарзандонашон хурсанду хушбахт бошанду дар хизмати Яҳува комёб шаванд. Онҳо дар таълиму тарбияи фарзандонашон маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор мебаранд ва барои муваффақ шуданашон кумак мекунанд (Пнм 22:6).
-
Тавре кунед, ки фарзандатон ба шумо бемалол дилашро холӣ карда тавонад (Яқ 1:19).
-
Ба онҳо намуна бошед (5Мс 6:6).
-
Ибодати Яҳуваро дар ҷойи аввал монед (Эф 6:4).
ВИДЕОНАВОРИ «ХОНАЕ СОЗЕД, КИ УСТУВОР БОШАД. ФАРЗАНДАТОНРО БО РОҲЕ КИ БА Ӯ МУВОФИҚ АСТ ТАРБИЯ КУНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Чӣ тавр волидон нишон дода метавонанд, ки бомулоҳизаанд?
-
Чӣ тавр волидон маслиҳати Яъқуб 1:19-ро ба кор бурда метавонанд?
-
Ҳангоми сар задани душвориҳо волидон чӣ кор карда метавонанд?