Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Яҳува дар вақти озмоишҳо ба мо ёрдам мерасонад

Яҳува дар вақти озмоишҳо ба мо ёрдам мерасонад

Дар давоми рӯзҳои охир аз сари мо бисёр душвориҳо мегузаранд. Баъзан мо, шояд, ҳис кунем, ки дигар қуввати ба озмоишҳо тоб оварданро надорем. Лекин, агар дар ин вақт ба Яҳува наздик шуданро давом диҳем, ӯ ба мо кумак мекунад, ки ҳатто дар озмоишҳои сахттарин устувор монем (Иш 43:2, 4). Чӣ тавр мо метавонем дар вақти озмоишҳо ба Яҳува наздик шавем?

Дуо. Вақте диламонро дар дуо ба Яҳува холӣ мекунем, ӯ ба мо оромӣ ва қувват мебахшад, то истодагӣ намоем (Фп 4:6, 7; 1Тс 5:17).

Вохӯриҳо. Мо имрӯз ба хӯроки рӯҳонӣ ва рӯҳбаланд кардани якдигар аз ҳарвақта бештар ниёз дорем. Ҳамаи ин чизҳоро Яҳува ба мо дар вохӯриҳоямон медиҳад (Ибр 10:24, 25). Вақте мо ба вохӯриҳо тайёрӣ мебинем ва ба онҳо омада, шарҳ медиҳем, аз кумаки рӯҳи муқаддаси Яҳува пурра баҳраманд мешавем (Ошк 2:29).

Хизмат. Агар дар хизмат фаъол бошем, ба мо нигоҳ доштани рӯҳияи дуруст осонтар мегардад. Инчунин риштаи дӯстии мо бо Яҳува ва бародару хоҳарон мустаҳкамтар мегардад (1Қр 3:5–10).

ВИДЕОНАВОРИ «ЯҲУВА “ТУРО ҚАБУЛ ХОҲАД КАРД”»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ ба Малу ёрдам дод, ки дар вақти озмоишҳо бо Яҳува муносибати наздикро нигоҳ дорад?

  • Чӣ тавр суханони Забур 34:18 дар вақти озмоишҳо Малуро дастгирӣ карданд ва чӣ тавр ин оят моро дастгирӣ карда метавонад?

  • Чӣ хел мисоли Малу нишон медиҳад, ки Яҳува дар вақти тангиҳо ба мо «қувваи барзиёд» медиҳад? (2Қр 4:7).