Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Дар арафаи Шоми ёдбуд мақсадҳо монед

Дар арафаи Шоми ёдбуд мақсадҳо монед

Ҳар сол халқи Яҳува ҷашн гирифтани Шоми ёдбудро бесаброна интизор аст. Дар арафаи Шоми ёдбуд ва баъди он мо имкон дорем, ки ба Яҳува барои атои беҳтаринаш, яъне қурбонии Исо, миннатдорӣ баён кунем (Эф 1:3, 7). Масалан, мо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳем, то одамонро ба Шоми ёдбуд таклиф намоем. Баъзеҳо дар реҷаи худ дигаргуниҳо медароранд, то ки дар моҳҳои март ё апрел пешрави ёвар шуда 30 ё 50 соат хизмат кунанд. Оё шумо дар арафаи Шоми ёдбуд бештар хизмат кардан мехоҳед? Барои ин ба шумо чӣ кумак карда метавонад?

Агар пешакӣ нақша тартиб диҳем, бисёр корҳоро анҷом дода метавонем (Пнм 21:5). Азбаски арафаи Шоми ёдбуд хеле наздик аст, хуб мебуд, ки аз ҳоло корҳоятонро ба нақша гиред. Фикр кунед, ки чӣ тавр дар ин вақт шумо бештар хизмат карда метавонед ва чӣ ба шумо кумак мекунад, ки ба мақсадҳоятон расед. Сипас аз Яҳува хоҳиш кунед, ки кӯшишҳои шуморо баракат диҳад (1Юҳ 5:14, 15).

Фикр кунед, ки барои дар арафаи Шоми ёдбуд бештар хизмат кардан чӣ кор карда метавонед.