БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Тарзи фикрронии Худоро аз худ кунед
Мо мехоҳем, ки дар ҳама корҳоямон дили Яҳуваро хурсанд созем (Пнм 27:11). Барои ҳамин мо ҳатто дар мавридҳое, ки ягон дастури аниқ нест, кӯшиш мекунем қарорҳои дуруст қабул кунем. Чӣ дар ин ба мо кумак карда метавонад?
Реҷаи хониши Китоби Муқаддасро нигоҳ доред. Ҳар вақте ки Китоби Муқаддас мехонем, мо гӯё бо Яҳува вақт мегузаронем. Вақте дар бораи муносибати ӯву халқаш мехонем ва мисоли касонеро, ки аз назари Худо кори хуб ё бад карданд, дида мебароем, мо бо тарзи фикрронии Яҳува шинос мешавем. Ҳангоми баровардани қарор рӯҳи муқаддас ба мо ёрдам мекунад, то принсипҳои муҳимеро, ки аз Каломи Худо фаҳмидем ва дарсҳоеро, ки аз он омӯхтем, ба ёд орем (Юҳ 14:26).
Тадқиқ кунед. Пеш аз баровардани ин ё он қарор аз худ пурсед: «Кадом оят ё воқеаи Китоби Муқаддас ба ман ёрдам мекунад, ки нуқтаи назари Яҳуваро дар бораи ин масъала фаҳмам?» Ба Яҳува дуо гуфта кумак пурсед. Аз мавод барои тадқиқот, ки ба забони шумо дастрас аст, истифода баред ва принсипҳои даркориро ёфта, ба кор баред (Зб 25:4).
ВИДЕОНАВОРИ «БО ИСТОДАГАРӢ ДАВЕД. ҒИЗОИ ФОИДАНОК ХӮРЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Хоҳари ҷавон бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ шуд?
-
Чӣ тавр шумо мавод барои тадқиқотро истифода бурда душвориҳои ба ин монандро паси сар намуда метавонед?
-
Тадқиқот ва омӯзиши шахсӣ ба мо чӣ манфиат меорад? (Ибр 5:13, 14).