Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

15–21 январ

АЙЮБ 36, 37

15–21 январ

Суруди 12 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Чаро ба Худо, ки ба мо ҳаёти беохирро ваъда медиҳад, бовар кардан мумкин аст?

(10 дақ.)

Яҳува абадан зиндагӣ мекунад (Аб 36:26; w15 1.10 саҳ. 13, сарх. 1, 2).

Яҳува барои нигоҳ доштани ҳаёт дар замин, ҳам хирад дорад ва ҳам қувват (Аб 36:27, 28; w20.05 саҳ. 22, сарх. 6).

Яҳува моро таълим медиҳад, ки барои ба даст овардани ҳаёти беохир бояд чӣ кор кунем (Аб 36:4, 22; Юҳ 17:3).

Умед ба ҳаёти беохире, ки Худо ваъда медиҳад, ба мо ёрдам мекунад, ки душвориҳоро паси сар кунем (Ибр 6:19; w22.10 саҳ. 28, сарх. 16).

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Аб 37:20 — Чӣ тавр дар замонҳои пеш хабару маълумот расонида мешуд? (it «Расонидани маълумот»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ХИЗМАТ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ (lmd дарси 3, қисми 3).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(4 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА (lmd дарси 2, қисми 5).

6. Эътиқоди худро фаҳмонед

(5 дақ.) Нутқ дар асоси ijwfq-U мақолаи 57, сарх. 5–15. Мавзуъ: «Чаро Шоҳидони Яҳуваро дар вақти Ҳолокост озор медоданд?» (th дарси 18).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 11

7. Ба ҳолатҳое, ки ёрии тиббӣ ё ҷарроҳӣ лозиманд, тайёр бошед

(15 дақ.) Муҳокимаро пири ҷамоат мегузаронад.

Ташкилоти Яҳува ҳама чизҳои лозимаро медиҳад, то мо мувофиқи қонуни Худо дар бораи хун амал намоем (Крн 15:28, 29). Оё шумо аз онҳо пурра истифода мебаред?

«Ваколатномаи дахолати тиббӣ» (DPA) ва «Шаҳодатномаи шахсӣ» (ic). Дар ин ҳуҷҷатҳо хоҳиши бемор дар бораи табобати бехун гуфта шудааст. Воизони таъмидёфта метавонанд «Ваколатнома»-ро аз хизматгузоре, ки ба адабиёт ҷавобгар аст, гиранд. Ҳамчунин онҳо метавонанд барои фарзандони ноболиғашон «Шаҳодатномаи шахсӣ»-ро гиранд. Ин ҳуҷҷатҳоро бояд ҳама вақт бо худ гирем. Агар шумо ҳоло ин ҳуҷҷатҳоро пур накарда бошед ё маълумоташро нав кардан лозим бошад, илтимос инро қафопарто накунед.

«Маълумот барои ҳомиладорон» (S-401) ва «Маълумот барои бемороне, ки бояд ҷарроҳӣ ё химиотерапия гиранд» (S-407). Ин ҳуҷҷатҳо ёрдам медиҳанд, ки пешакӣ дар бораи ин ё он саволи тиббӣ қарор бароред, аз ҷумла дар бораи саволҳое, ки бо истифодаи хун алоқаманданд. Агар шумо ҳомиладор бошед ё агар шуморо ҷарроҳӣ ё химиотерапия интизор бошад, лутфан аз пирони ҷамоататон нусхаи варақаи даркориро пурсед.

Кумитаи кор бо беморхонаҳо (ККБ). Дар ККБ пирони ботаҷрибае хизмат мекунанд, ки барои расонидани маълумот ба духтурон ва воизон дар масъалаи табобат бе истифодаи хун таълими махсусро гузаштаанд. Онҳо метавонанд бо духтури шумо баъзе роҳҳои табобат бе гузаронидани хунро дида бароянд ва, агар лозим бошад, духтуреро ёбанд, ки эътиқоди шуморо ба назар мегирад. Ин бародарон ҳар рӯз 24 соат дастрасанд. Вақте шуморо ба беморхона бурданианд ва ё шуморо ҷарроҳӣ ё табобат (масалан, табобати саратон) интизор бошад, ҳар чӣ зудтар ба бародарон аз Кумитаи кор бо беморхонаҳо муроҷиат кунед, ҳатто агар ба назаратон чунин тобад, ки дар мавриди шумо гузаронидани хун лозим намеояд. Ин дастур ҳамчунин ба хоҳарони ҳомиладор дахл дорад. Барои тамос гирифтан бо бародарон аз ККБ пирони ҷамоат кумак карда метавонанд.

ВИДЕОНАВОРИ «Кумитаи кор бо беморхонаҳо. Чӣ тавр онҳо кумак мекунанд?»-ро тамошо кунед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

Агар ба шумо табобат ё ҷарроҳӣ лозим шавад, чӣ тавр ККБ ёрдам карда метавонад?

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 47 ва дуо