Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

19–25 феврал

ЗАБУР 8–10

19–25 феврал

Суруди 1 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. «Туро, эй Яҳува. . . ситоиш мекунам»

(10 дақ.)

Яҳува ба мо аз ҳад зиёд некӣ мекунад (Зб 8:3–6; w21.08 саҳ. 3, сарх. 6).

Мо хурсандем, ки ба дигарон дар бораи корҳои аҷоиби Яҳува нақл карда, ӯро ҷалол медиҳем (Зб 9:1; w20.05 саҳ. 23, сарх. 10).

Мо боз аз таҳти дил суруд сароида ӯро ситоиш мекунем (Зб 9:2; w22.04 саҳ. 7, сарх. 13).

АЗ ХУД ПУРСЕД: «Боз бо кадом роҳҳо ман Яҳуваро ҷалол дода метавонам?»

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 8:3 — Дар ин оят зери ангуштони Худо чӣ дар назар дошта шудааст? (it «Ангушт»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Суҳбат бо шахсе, ки ба Худо бовар надорад (lmd дарси 5, қисми 4).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Суҳбат бо шахсе, ки дафъаи гузашта гуфта буд, ки ба Худо бовар надорад, лекин тайёр аст, ки далелҳои вуҷуд доштани Худоро дида барояд (th дарси 7).

6. Нутқ

(5 дақ.) w21.06 саҳ. 6, 7, сарх. 15–18. Мавзуъ: «Ба омӯзандагон ёрдам кунед, ки Яҳуваро ҷалол диҳанд» (th дарси 10).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 9

7. Чӣ хел ба таври табиӣ ғайрирасмӣ шаҳодат диҳем?

(10 дақ.) Муҳокима.

Мо бо роҳҳои гуногун Яҳуваро ҷалол медиҳем, яке аз онҳо ин шаҳодат додан ба касоне мебошад, ки мо дар давоми рӯз вомехӯрем (Зб 35:28). Дар аввал ҳатто фикри дар ҳар фурсат шаҳодат додан моро ба тарсу ҳаяҷон меорад. Аммо, вақте мо бо роҳи табиӣ сар кардани суҳбат ва давом додани онро ёд мегирем, шаҳодати ғайрирасмӣ натиҷаҳои хуб меорад ва мо дар он бо шавқу завқ иштирок мекунем.

ВИДЕОНАВОРИ «Бо омодагӣ “хушхабари сулҳу осоиштагиро” ба одамон расонед. Фурсатро аз даст надиҳед»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

Шумо аз ин видеонавор дар бораи шаҳодати ғайрирасмӣ чӣ омӯхтед?

Ана баъзе маслиҳатҳое, ки барои ғайрирасмӣ шаҳодат додан ба шумо ёрдам дода метавонанд:

  •   Ҳар боре ки аз хона мебароед, фикр кунед, ки дар кадом мавридҳо бо одамон суҳбат карда метавонед. Дар ин бора дуо гӯед. Аз Яҳува хоҳиш кунед, то шуморо ба назди одамоне, ки шуморо гӯш кардан мехоҳанд, фиристад.

  •   Ба одамоне, ки вомехӯред, меҳрубон бошед ва ба онҳо таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир кунед. Кӯшиш кунед, то фаҳмед, ки кадом фикри Китоби Муқаддас ба дили онҳо таъсир карда метавонад.

  •   Агар шахс зид набошад, рақами телефон ё суроғаашро гиред.

  •   Агар суҳбат пеш аз шаҳодат додан тамом шавад, зиқ нашавед.

  •   Ҳатто баъди тамом шудани суҳбат дар бораи он шахс фикр кунед. Ба ӯ таваҷҷӯҳи самимӣ нишон диҳед. Агар ӯ зид набошад, шумо метавонед, барои мисол ба ӯ пайвандро ба ояти Китоби Муқаддас ё мақолае аз сомонаи jw.org фиристед.

Маслиҳат. Агар касе аз шумо пурсад, ки «рӯзҳои истироҳат чӣ хел гузаштанд?», ягон фикреро, ки дар ҷамъомад шунидед, гӯед ё нақл кунед, ки чӣ тавр ба одамон Китоби Муқаддасро таълим додед.

8. Ниёзҳои маҳаллӣ

(5 дақ.)

9. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 45 ва дуо