Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

22–28 январ

АЙЮБ 38, 39

22–28 январ

Суруди 15 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Оё шумо барои мушоҳида кардани офаридаҳо вақт ҷудо мекунед?

(10 дақ.)

Сайёраи моро офарида Яҳува вақт ҷудо кард, то ба амали дасташ баҳо диҳад (1Мс 1:10, 12; Аб 38:5, 6; w21.08 саҳ. 9, сарх. 7).

Фариштагон вақт ҷудо карда, мушоҳида мекарданд, ки чӣ хел Яҳува барои офаридани осмону замин заҳмат мекашад (Аб 38:7; w20.08 саҳ. 14, сарх. 2).

Вақте офаридаҳоро мушоҳида мекунем ва дар бораашон мулоҳиза меронем, дилпуриамон ба Яҳува зиёдтар мешавад (Аб 38:32-35; w23.03 саҳ. 17, сарх. 8).

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Аб 38:8–10 — Ин оятҳо дар бораи Яҳува ҳамчун Қонунгузор чиро ошкор мекунанд? (it «Қонунгузор»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(2 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Суҳбатро бо шахсе, ки гап задан намехоҳад, бо оҳанги нағз анҷом диҳед (lmd дарси 2, қисми 3).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(5 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Суҳбат бо шахсе, ки дафъаи гузашта гуфта буд, ки ба наздикӣ шахси наздикашро аз даст дод (lmd дарси 9, қисми 3).

6. Нутқ

(5 дақ.) lmd замимаи А, қисми 1. Мавзуъ: «Рӯйдодҳои ҷаҳон ва рафтори одамон нишон медиҳанд, ки ба наздикӣ дар рӯйи замин дигаргуниҳо рӯй медиҳанд» (th дарси 16).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 28

7. Мушоҳида кардани офаридаҳо ёрдам мекунад, ки фақат дар бораи худамон фикр накунем

(15 дақ.) Муҳокима.

Зери фишори Шайтон ва аз сабаби танқиди беасоси ба ном дӯстонаш, Айюб диққатро ба худаш ва душвориҳояш равона кард.

Аз шунавандагон хоҳиш кунед, ки Айюб 37:14-ро хонанд. Сипас аз онҳо пурсед:

Барои аз нав рӯҳан барқарор шудан Айюб бояд чӣ кор мекард?

Вақте ба сарамон озмоишҳо меоянд, мушоҳида кардани офаридаҳо кумак мекунад, ки бузургии Яҳуваро фаромӯш накунем. Илова бар ин, хоҳиши ба ӯ содиқ монданамон қавитар мешавад ва мо дилпур мегардем, ки ӯ қудрати ба мо ёрдам доданро дорад (Мт 6:26).

ВИДЕОНАВОРИ «Мо аз китоби Айюб чӣ меомӯзем? Олами ҳайвонот»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

Чӣ тавр ин видеонавор боварии шуморо ба Яҳува зиёд мегардонад?

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 65 ва дуо