Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

26 феврал — 3 март

ЗАБУР 11–15

26 феврал — 3 март

Суруди 55 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Худро дар дунёе тасаввур кунед, ки зулму ситам нест

(10 дақ.)

Имрӯз дунё аз зулму ситам пур шудааст, чунки одамон қонун ва тартибу низомро ҳурмат намекунанд (Зб 11:2, 3; w06 15.5 саҳ. 18, сарх. 3).

Мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува ба наздикӣ зулму ситамро нест мекунад (Зб 11:5; wp16.4 саҳ. 11).

Дар бораи ин ваъдаи Яҳува мулоҳиза рондан, ба мо ёрдам мекунад, ки дунёи навро пурсаброна интизор шавем (Зб 13:5, 6; w17.08 саҳ. 7, сарх. 15).

МАСЛИҲАТ. Ҳизқиёл 34:25-ро хонед ва худро дар дунёи нав тасаввур кунед, ки дар онҷо аз ҳеҷ чиз наметарсем (kr саҳ. 236, сарх. 16).

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 14:1 — Чаро тарзи фикрроние, ки дар ин оят тасвир ёфтааст, барои масеҳиён хатарнок буда метавонад? (w13 15.9 саҳ. 20, сарх. 12).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(2 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Шахсро ба Шоми ёдбуд даъват кунед (lmd дарси 5, қисми 3).

5. Суҳбатро сар кунед

(1 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Шахсро ба Шоми ёдбуд даъват кунед (lmd дарси 3, қисми 4).

6. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Вақте шахсро ба Шоми ёдбуд даъват мекунед, ӯ шавқ зоҳир мекунад (lmd дарси 7, қисми 4).

7. Шогирд тайёр кунед

(5 дақ.) lff дарси 13, бахшҳои «Фикрҳои асосӣ», «Такрор» ва «Мақсад». Бо ёрии мақолае аз бахши «Дида бароед» ба омӯзандаатон ёрдам кунед, то фаҳмад, ки Худо ба дини дурӯғ чӣ хел муносибат дорад (th дарси 12).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 49

8. «Хирад беҳ аз силоҳи ҷангист»

(10 дақ.) Муҳокима.

Имрӯз мо мебинем, ки дар саросари ҷаҳон зӯроварӣ зиёд шуда истодааст ва баъзе аз мо ҳатто аз дасти зулму ситам азоб мекашем. Яҳува медонад, ки ин дар дили мо тарсу хавотирӣ пайдо карда метавонад ва мефаҳмад, ки мо худро дар бехатарӣ ҳис кардан мехоҳем. Як роҳе, ки ӯ ба мо ёрдам мекунад, ин ба воситаи Каломаш, Китоби Муқаддас мебошад (Зб 12:5–7).

Китоби Муқаддас пур аз маслиҳатҳои хирадмандонаест, ки «беҳ аз силоҳи ҷангист» (Пг 9:18). Ана баъзе принсипҳои Китоби Муқаддас, ки барои ҳимоя кардани худ ба мо ёрдам мекунанд:

  • Пг 4:9, 10. Дар ҷой ва вазъиятҳои хатарнок танҳо намонед.

  • Пнм 22:3. Дар ҷойҳои серодам ҳамеша ҳушёру бохабар бошед.

  • Пнм 26:17. Ба баҳсу мунозирае, ки ба шумо дахл надорад, бинӣ нахалонед.

  • Пнм 17:14. Агар вазъият бадтар шудан гирад, дарҳол минтақаи хатарнокро тарк кунед. Аз гурӯҳи одамоне, ки барои шӯриш бардоштан ҷамъ омадаанд, дур истед.

  • Лқ 12:15. Барои чизу чора шуда ҳеҷ гоҳ ҳаётатонро дар хатар намонед.

ВИДЕОНАВОРИ «Аз хизматгорони бовафо ибрат гиред, на аз бевафоёназ Ҳанӯх, на аз Ломак»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

Чӣ тавр мисоли Ҳанӯх ба сардори оилае, ки дар минтақаи хатарнок зиндагӣ мекунанд, ёрдам дод, ки қарори дуруст барорад? (Ибр 11:5).

Дар баъзе ҳолатҳо, масеҳӣ қарор карда метавонад, ки барои ҳимояи худ ё чизи чорааш бояд чораҳои оқилона андешад. Аммо барои ин вай бояд ҳар кори аз дасташ меомадаро кунад, то ҳеҷ кас вафот накунад ва ӯ ба рехтани хуни касе айбдор нашавад (Зб 51:14). (Ба «Саволҳои хонандагон» дар «Бурҷи дидбонӣ» аз моҳи июли соли 2017 нигаред.)

9. Маъракаи даъваткунӣ ба Шоми ёдбуд рӯзи шанбе, 2 март, сар мешавад

(5 дақ.) Нутқи пири ҷамоат. Фаҳмонед, ки дар минтақаи ҷамоататон нутқи махсус, Шоми ёдбуд ва хизмат чӣ тавр ташкил дода мешавад. Ба воизон ёдрас кунед, ки дар моҳҳои март ва апрел онҳо пешрави ёвар шуда 15 соат хизмат карда метавонанд.

10. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 31 ва дуо