Суруди 51 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)
1. Чӣ тавр ба беадолатӣ муносибат бояд кард?
(10 дақ.)
Ба худ ёдрас кунед, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ беадолатӣ намекунад (Аб 34:10; wp19.1 саҳ. 8, сарх. 2).
Шояд ба назар чунин тобад, ки одамони бад барои корҳояшон ҷазо намегиранд, лекин аз Яҳува ҳеҷ чизро пинҳон карда намешавад (Аб 34:21–26; w17.04 саҳ. 10, сарх. 5).
Роҳи беҳтарини кумак ба касоне, ки аз беадолатӣ азоб кашиданд, ин дар бораи Яҳува нақл кардан аст (Аб 35:9, 10; Мт 28:19, 20; w21.05 саҳ. 7, сарх. 19, 20).
2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(10 дақ.)
-
Аб 35:7 — Вақте Элиҳу аз Айюб пурсид, ки «оё ӯ [Худо] аз дасти ту чизе мегирад?» ӯ чиро дар назар дошт? (w17.04 саҳ. 29, сарх. 3).
-
Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?
3. Хониши Китоби Муқаддас
(4 дақ.) Аб 35:1–16 (th дарси 10).
4. Суҳбатро сар кунед
(3 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кунед (lmd дарси 10, қисми 3).
5. Суҳбатро сар кунед
(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Ба шахси фарзанддор нишон диҳед, ки чӣ тавр аз сомонаи jw.org маълумот барои волидонро ёфтан мумкин аст (lmd дарси 1, қисми 4).
6. Шогирд тайёр кунед
(5 дақ.) lff дарси 13, қисми 5 (lmd дарси 11, қисми 3).
Суруди 45
7. Оё шумо ғайрирасмӣ шаҳодат медиҳед?
(15 дақ.) Муҳокима.
Павлуси расул ба Тимотиюс гуфт: «Каломро эълон кун, дар ин кор. . . ҷидду ҷаҳд намо» (2Тм 4:2). Феъли юноние, ки «ҷидду ҷаҳд намо» тарҷума шудааст, баъзан дар мавриди посбон ё сарбозе истифода мешуд, ки посбонӣ мекарду ҳамеша ба амал тайёр буд. Ин ибора нағз нишон медиҳад, ки мо низ ҳамеша имконият ҷуста суҳбати одиро ба мавъиза бурдан мехоҳем.
Муҳаббати мо ба Яҳува ва миннатдорӣ барои ҳама корҳои некаш моро ҳавасманд месозад, ки ба дигарон дар бораи хислатҳои беҳамтои ӯ гап занем.
Аз шунавандагон хоҳиш кунед, ки Забур 71:8-ро хонанд. Сипас аз онҳо пурсед:
Шумо ба дигарон дар бораи Яҳува чиро нақл кардан мехостед?
Муҳаббат ба одамон моро ҳамчунин водор мекунад, ки ғайрирасмӣ шаҳодат диҳем.
ВИДЕОНАВОРИ «Садҳо нафар ҳақиқати Китоби Муқаддасро ёфтанд»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:
-
Чӣ тавр шаҳодати ғайрирасмӣ ба он мусоидат кард, ки садҳо нафар ҳақиқатро шуниданд?
-
Чӣ тавр ҳақиқат ба собиқ аъзои калисо ёрдам дод?
-
Чӣ тавр муҳаббат ба одамон моро водор мекунад, ки дар ҳар имконият шаҳодат диҳем?
-
Ба фикри шумо, чаро шаҳодати ғайрирасмӣ роҳи беҳтарини шинос кардани одамон бо Яҳува мебошад?
8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
(30 дақ.) bt боби 4, чорчӯбаи саҳ. 33