20–26 январ
ЗАБУР 138, 139
Суруди 20 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)
1. Нагузоред, ки тарсу ҳаяҷон садди роҳатон шавад
(10 дақ.)
Мо мехоҳем Яҳуваро аз таҳти дил ҷалол диҳем (Зб 138:1).
Агар вақти шарҳ додан шуморо тарсу ҳаяҷон фаро гирад, аз Яҳува кумак пурсед (Зб 138:3).
Тарсу ҳаяҷон фурӯтаниятонро нишон медиҳад (Зб 138:6; w19.01 саҳ. 10, сарх. 10).
МАСЛИҲАТ. Агар кӯтоҳ шарҳ диҳед, камтар ба ҳаяҷон меоед (w23.04 саҳ. 21, сарх. 7).
2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(10 дақ.)
-
Зб 139:21, 22 — Оё аз масеҳиён талаб карда мешавад, ки ҳамаро бахшанд? (it «Бахшидан»).
-
Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?
3. Хониши Китоби Муқаддас
(4 дақ.) Зб 139:1–18 (th дарси 2).
4. Суҳбатро сар кунед
(3 дақ.) ХИЗМАТ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ (lmd дарси 2, қисми 3).
5. Шогирд тайёр кунед
(4 дақ.) ХИЗМАТ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ. Омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кунед ва нишон диҳед, ки он чӣ тавр мегузарад (lmd дарси 10, қисми 3).
6. Суханронӣ
(5 дақ.) ijwyp-U мақолаи 105. Мавзуъ: «Чӣ тавр бар шармгинӣ ғолиб оям?» (th дарси 16).
Суруди 104
7. Шармгин бошед ҳам, дар хизмат пешравӣ карда метавонед
(15 дақ.) Муҳокима.
Оё шумо шармгинед? Оё мехоҳед, ки дар чашми дигарон камтар тобед? Оё ҳатто фикри бо касе суҳбат кардан дилатонро ба тапиш меорад? Баъзан ҳисси шармгинӣ моро аз корҳое, ки кардан мехоҳем бозмедорад. Аммо бисёр касоне, ки аз шармгинияшон душворӣ мекашиданд, дар хизмат пешравӣ карда тавонистанд. Мо аз мисоли онҳо чӣ меомӯзем?
ВИДЕОНАВОРИ «Шармгин бошам ҳам, бо тамоми қувват ба Яҳува хизмат мекунам»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:
-
Чӣ тавр хоҳар Лаура аз маслиҳати бибияш, ки «аз таҳти дил ба Яҳува хизмат кун» гуфта буд, манфиат гирифт?
Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки Мӯсо, Ирмиё ва Тимотиюс, эҳтимол, одамони шармгин буданд (2Мс 3:11; 4:10; Ир 1:6–8; 1Тм 4:12). Лекин ба ҳар ҳол онҳо тавонистанд, ки дар хизмати Яҳува корҳои бузургро анҷом диҳанд, чунки Худо бо онҳо буд (2Мс 4:12; Ир 20:11; 2Тм 1:6–8).
Аз шунавандагон хоҳиш кунед, ки Ишаъё 43:1, 2-ро хонанд. Сипас саволи зеринро диҳед:
-
Яҳува ба парастандагонаш чӣ ваъда додааст?
Чӣ тавр имрӯз Яҳува ба ходимони шармгинаш ёрдам мекунад, ки дар хизмат бо хурсандӣ иштирок кунанд?
ВИДЕОНАВОРИ «Таъмид гирифта шумо хурсандии бештар ба даст меоред (Порча)»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:
-
Чӣ тавр хоҳар Лорани қувват ва дастгирии Яҳуваро дар хизмат ҳис кард?
-
Чӣ тавр хизмат ба бародару хоҳарони шармгин ёрдам дода метавонад?
8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
(30 дақ.) bt боби 21, сарх. 8–13, чорчӯбаи саҳ. 193