Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

24 феврал — 2 март

ПАНДНОМА 2

24 феврал — 2 март

Суруди 48 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Чаро бояд ба омӯзиши шахсӣ ҷиддӣ назар кунем?

(10 дақ.)

Бо ин миннатдориамонро ба ҳақиқат нишон медиҳем (Пнм 2:3, 4; w22.08 саҳ. 18, сарх. 16).

Қарорҳои дуруст бароварданро ёд мегирем (Пнм 2:5–7; w22.10 саҳ. 19, сарх. 3, 4).

Имонамонро мустаҳкам мекунем (Пнм 2:11, 12; w16.09 саҳ. 23, сарх. 2, 3).

АЗ ХУД ПУРСЕД: «Чӣ тавр ман омӯзишамро беҳтар карда метонам?»

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Пнм 2:7 — Ба кадом маъно Яҳува «барои касоне, ки дар беайбӣ роҳ мераванд, сипар аст»? (it «Беайбӣ»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(4 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Ба шахс нишон диҳед, ки чӣ тавр аз сомонаи jw.org маълумоти барои ҳамсарон манфиатоварро ёфта метавонад (lmd дарси 1, қисми 3).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(3 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Ба ҳамсуҳбататон, ки дафъаи гузашта ба мавзуе шавқ зоҳир карда буд, маҷаллаи мувофиқро пешниҳод кунед (lmd дарси 9, қисми 3).

6. Суханронӣ

(5 дақ.) lmd замимаи А, қисми 8. Мавзуъ: «Зану шавҳар бояд ба якдигар вафодор бошанд» (th дарси 13).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 37

7. Оё шумо ганҷҷӯед?

(15 дақ.) Муҳокима.

Ҷавонон, оё кофтани ганҷи пинҳоншуда ба шумо маъқул аст? Агар ҳа, Китоби Муқаддас шуморо даъват мекунад, ки ганҷи дар олам пурарзиштаринро, яъне дониш дар бораи Худоро, кобед (Пнм 2:4, 5). Вақте мунтазам барои хониши Китоби Муқаддас вақт ҷудо карда, чизҳои хондаатонро чуқуртар мекобед, ин ганҷро пайдо мекунад. Ин кор ба шумо хурсандӣ оварда, фаҳму хирадатонро зиёд мегардонад.

  • Дар вақти хониши Китоби Муқаддас ба худ кадом саволҳоро додан мумкин аст? (w24.02 саҳ. 32, сарх. 2, 3).

  • Барои ёфтани ҷавоби ин саволҳо кадом мавод ёрдам карда метавонад?

Силсилавидеоҳои «Аз дӯстони Яҳува ибрат гиред» ба шумо ёрдам мекунанд, ки дар бораи чизҳои хондаатон мулоҳиза ронданро ёд гиред.

ВИДЕОНАВОРИ «Аз дӯстони Яҳува ибрат гиред. Ҳобил»-ро монед.

Аз шунавандагон хоҳиш кунед, ки 1 Мӯсо 4:2–4 ва Ибриён 11:4-ро хонанд. Сипас саволҳои зеринро диҳед:

  • Чӣ тавр Ҳобил дӯсти Яҳува буданашро нишон дод?

  • Ҳобил имонашро ба Яҳува чӣ хел зиёд кард?

  • Чӣ тавр шумо имонатонро мустаҳкам карда метавонед?

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 42 ва дуо