Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

27 январ — 2 феврал

ЗАБУР 140–143

27 январ — 2 феврал

Суруди 68 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Мувофиқи дуоҳоятон амал кунед

(10 дақ.)

Бо омодагӣ маслиҳату насиҳатро қабул кунед (Зб 141:5; w22.02 саҳ. 12, сарх. 13, 14).

Дар бораи корҳои наҷотбахши Яҳува мулоҳиза ронед (Зб 143:5; w10 15.3 саҳ. 32, сарх. 4).

Кӯшиш кунед, ки ба ҳама чиз бо чашми Яҳува нигоҳ кунед (Зб 143:10; w15 15.3 саҳ. 32, сарх. 2).

Аз Забур 140–143 маълум аст, ки Довуд на фақат дар дуо аз Яҳува кумак мепурсид, балки ҳаракат мекард, ки мувофиқи дуояш амал намояд.

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 140:3 — Чаро Довуд навишт, ки заҳри мори шибо зери лабони бадкорон аст? (it «Заҳри ҳайвонот»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Ба шахс дар ягон кор кумак расонида, суҳбатро сар кунед (lmd дарси 3, қисми 5).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(3 дақ.) ХИЗМАТ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ. Шахс мегӯяд, ки банд аст (lmd дарси 7, қисми 3).

6. Эътиқоди худро фаҳмонед

(5 дақ.) Намоиш дар асоси ijwfq мақолаи 21. Мавзуъ: «Чаро Шоҳидони Яҳува ба хунгузаронӣ розӣ намешаванд?» (th дарси 7).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 130

7. Ба ҳолатҳое, ки ёрии тиббӣ лозим мешавад, тайёр бошед

(15 дақ.) Муҳокима.

Яҳува ваъда медиҳад, ки бароямон мададгоре хоҳад буд, ки «дар сахтиҳо зуд ёфт мешавад» (Зб 46:1). Вақте ба мо ягон муолиҷа ё ҷарроҳӣ лозим мешавад, диламонро тарсу ваҳм зер карда метавонад. Лекин Яҳува ба мо ёрдам мекунад, ки ба чунин вазъиятҳо тайёр бошем. Масалан, ташкилоти ӯ «Ваколатномаи дахолати тиббӣ», «Шаҳодатномаи шахсӣ» a ва дигар ҳуҷҷатҳои тиббиро b омода кардааст. Ҳамчунин Кумитаи кор бо беморхонаҳоро (ККБ) таъсис додааст, ки ҳамеша ба кумаки мо ҳозиранд. Ҳамаи ин ба мо ёрдам мекунад, ки қонуни Худоро дар бораи хун вайрон накунем (Крн 15:28, 29).

ВИДЕОНАВОРИ «Оё шумо ба ҳолатҳои тиббӣ тайёред?»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Чӣ тавр пур кардани варақаи «Ваколатномаи дахолати тиббӣ» (DPA) ба баъзеҳо ёрдам кард?

  • Чӣ тавр баъзеҳо аз пур кардани варақаи «Маълумот барои ҳомиладорон» (S-401) манфиат гирифтанд?

  • Чаро вақте шумо дар беморхона хоб рафтаниед ва ё ҷарроҳиву табобат (масалан, табобати саратон) гирифтаниед, бояд ҳар чӣ зудтар бо бародарони Кумитаи кор бо беморхонаҳо тамос гиред? Чаро ҳатто дар вазъиятҳое, ки хун гузаронидан, шояд, лозим наояд, ба ин бародарон муроҷиат кардан муҳим аст?

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 42 ва дуо

a Воизони таъмидёфта метавонанд «Ваколатнома»-ро аз бародаре, ки ба адабиёт ҷавобгар аст, гиранд. Ҳамчунин онҳо метавонанд барои фарзандони ноболиғашон «Шаҳодатномаи шахсӣ»-ро гиранд.

b Дар вақти лозима варақаҳои зеринро аз пирони ҷамоат пурсида метавонед: «Маълумот барои ҳомиладорон» (S-401), «Маълумот барои бемороне, ки бояд ҷарроҳӣ ё химиотерапия гиранд» (S-407) ва «Маълумот барои волидоне, ки фарзандашон ба муолиҷаи тиббӣ ниёз дорад» (S-55).