Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

3–9 феврал

ЗАБУР 144–146

3–9 феврал

Суруди 19 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. «Хушбахт аст халқе, ки Худояш Яҳува аст!»

(10 дақ.)

Яҳува касонеро, ки ба ӯ такя мекунанд, баракат медиҳад (Зб 144:11–15; w18.04 саҳ. 32, сарх. 3, 4).

Умед ба мо хурсандӣ меорад (Зб 146:5; w22.10 саҳ. 28, сарх. 16, 17).

Халқе, ки худояш Яҳува аст, то абад хурсандӣ мекунад (Зб 146:10; w18.01 саҳ. 26, сарх. 19, 20).

Вақте ба Яҳува содиқона хизмат мекунем, дар душвориҳо низ хурсандиро нигоҳ медорем

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 145:15, 16 — Чӣ тавр ин оятҳо ёрдам мекунанд, ки ба ҳайвонҳо дуруст муносибат кунем? (it «Ҳайвонот»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(4 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Шахс мегӯяд, ки донишҷӯй аст (lmd дарси 1, қисми 5).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Аз Маводи таълимӣ видеонавореро нишон диҳед (lmd дарси 7, қисми 4).

6. Суханронӣ

(4 дақ.) lmd замимаи А, қисми 7. Мавзуъ: «Зан бояд ба шавҳари худ эҳтироми зиёд дошта бошад» (th дарси 1).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 104

7. Яҳува мехоҳад, ки шумо хушбахт бошед

(10 дақ.) Муҳокима.

Яҳува «Худои хушбахт» аст (1Тм 1:11). Ӯ ба мо бисёр атоҳои аҷоибро додааст. Ин атоҳо нишон медиҳанд, ки Яҳува моро беҳад дӯст медорад ва хушбахтии моро хоҳон аст (Пг 3:12, 13). Биёед ду аторо дида бароем: хӯроки болаззат ва садоҳои фораму дилнишин.

ВИДЕОНАВОРИ «Офаридаҳои Яҳува ба кас хурсандӣ мебахшанд. Хӯроки болаззат ва садоҳои фораму дилнишин»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Чӣ тавр хӯроки болаззат ва садоҳои дилнишин исбот мекунанд, ки Яҳува хушбахтии моро мехоҳад?

Аз шунавандагон хоҳиш кунед, ки Забур 32:8-ро хонанд. Сипас саволи зеринро диҳед:

  • Чӣ тавр донистани он ки Яҳува хушбахтиятонро мехоҳад, ба шумо ёрдам мекунад, ки ба роҳнамоии ӯ, ки ба воситаи Китоби Муқаддас ва ташкилоташ медиҳад, гӯш диҳед?

8. Ниёзҳои маҳаллӣ

(5 дақ.)

9. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 21 ва дуо