Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

«Эй Худои ман! Ба Ту таваккал кардаам»

«Эй Худои ман! Ба Ту таваккал кардаам»

Ба Яҳува ҳам дар вақти мусоид ва ҳам дар вақти номусоид такя кардан муҳим аст (Зб 24:1, 2). Дар асри ҳашти то милод ба Яҳува такя кардан ва ё накардани яҳудиён санҷида шуд. Чӣ тавр мо аз ин воқеа дарсҳои муҳим гирифта метавонем? (Рм 15:4) Баъди тамошои филми «Эй Худои ман! Ба Ту таваккал кардаам» (рус.) ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  1. Ҳизқиё бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ шуд?

  2. Вақте Ҳизқиё дид, ки шаҳр муҳосира мешавад, чӣ тавр принсипи Масалҳо 22:3-ро истифода бурд?

  3. Чаро Ҳизқиё ба Ашшур таслим нашуд ва аз Миср ёрдам талаб накард?

  4. Масеҳиён аз Ҳизқиё чӣ омӯхта метавонанд?

  5. Имрӯз кадом вазъиятҳо ба Яҳува такя кардан ва ё накардани моро нишон медиҳанд?

Нависед, ки дар кадом ҳолатҳо мехоҳед ба Яҳува бештар такя кунед.