Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Дар ҳаққи масеҳиёне, ки онҳоро таъқиб мекунанд, дуо гӯед

Дар ҳаққи масеҳиёне, ки онҳоро таъқиб мекунанд, дуо гӯед

Дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд, ки Шайтон моро таъқиб мекунад ва кӯшиш мекунад, ки ба хизматамон халал расонад (Юҳ 15:20; Вҳ 12:17). Чӣ тавр мо ба масеҳиёне, ки дар дигар мамлакатҳо бо таъқибот рӯ ба рӯ мешаванд, ёрдам карда метавонем? Мо дар ҳаққи онҳо дуо гуфта метавонем. «Дуои боисрори шахси одил қуввати бузурге дорад» (Яқ 5:16).

Чӣ гуфта дуо гӯем? Мо метавонем аз Яҳува пурсем, ки ба бародару хоҳарон қувват ва далерӣ бахшад (Иш 41:10–13). Инчунин мо метавонем дар ҳаққи ҳукуматдорон дуо гӯем, ки дилашон нарм шавад ва ба кори мавъиза халал нарасонанд, «то ки ором ва сокит... умр гузаронем» (1Тм 2:1, 2).

Вақте Павлус ва Петрус бо таъқибот рӯ ба рӯ шуданд, масеҳиёни асри як номашонро гирифта дар бораи онҳо дуо гуфтанд (Ам 12:5; Рм 15:30, 31). Агар мо номи онҳоеро, ки бо таъқибот рӯ ба рӯ мешаванд, надонем, мо метавонем номи ҷамъомад, мамлакат ё ноҳияи онҳоро гирифта дар ҳаққашон дуо гӯем.

Нависед, ки дар бораи масеҳиёне, ки дар кадом мамлакатҳо бо таъқибот рӯ ба рӯ мешаванд, дуо гуфтаниед.