«Юғи ман қулай... аст»
Исо чун дуредгар медонист, ки чӣ тавр юғи қулай созад. Ба чунин юғ шояд матоъ ё чарм мепечонданд, то бо он кор кардан осонтар шавад. Вақте мо таъмид гирифта пайравӣ Исо шудем, юғи ӯро ба гардан гирифтем. Юғи Исо меҳнатро талаб мекунад ва бо гирифтани он мо масъулиятҳо пайдо мекунем. Лекин он сабук аст ва ба кас қувват бахшида, баракатҳои зиёд меорад.
Юғи Исоро ба гардан гирифта, шумо соҳиби кадом баракатҳо шудед?