БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Аввал рафта, бо бародарат оштӣ шав. Чӣ тавр?
Тасаввур кунед, ки шумо дар замони Исо дар Ҷалил зиндагӣ мекунед. Шумо барои ҷашн гирифтани Иди хаймаҳо ба Ерусалим омадед. Шаҳр пури одам, онҳо аз дуру наздик ба ид омаданд. Шумо ба Яҳува қурбонӣ оварданиед, барои ҳамин бузатонро гирифта аз байни ин қадар одамони бисёр бо як азоб мегузаред ва сӯйи маъбад меравед. Вақте ба маъбад расидед, дар он ҷо аллакай тӯдаи одамон барои қурбонӣ кардан, истода буданд. Охиру оқибат навбати шумо расид ва шумо бо бузатон ба назди коҳинон омадед. Дар ин лаҳза ба ёдатон омад, ки бародаре аз шумо хафа аст. Лекин ёфтани вай дар байни ин қадар одамони зиёд осон нест. Исо фаҳмонд, ки дар ин ҳолат шумо бояд чӣ кор кунед. (Матто 5:24-ро хонед.) Чӣ тавр мувофиқи гуфтаҳои Исо шумо ва бародаратон сулҳҷӯй буда метавонед? Аз ду чорчӯбаи дар поён овардашуда вариантҳои дурустро интихоб кунед.
ШУМО БОЯД...
-
бо бародаратон танҳо ҳамон вақт гап занед, ки агар ӯ барои хафа шудан сабаби ҷиддӣ дошта бошад
-
фикри бародаратонро ислоҳ намоед агар ба назаратон чунин тобад, ки ӯ низ айбдор ё аз ҳад нозук аст
-
бародаратонро бодиққат гӯш кунед, вақте ӯ дилашро холӣ мекунад ва ҳатто агар вазъиятро пурра нафаҳмед ҳам, самимона аз ӯ бахшиш пурсед
БАРОДАРАТОН БОЯД...
-
ба ҳама аъзоёни ҷамъомад нақл кунад, ки шумо ӯро хафа кардед
-
бо шумо ҷанҷол кунад ва ҳар як гапи майда-чуйдаро хотиррасон кунад ва талаб кунад, ки айбро ба гарданатон гиред
-
фаҳмад, ки барои ба наздаш рафтан ба шумо хоксорӣ ва далерӣ лозим буд ва аз таҳти дил шуморо бахшад
Ҳарчанд мо имрӯз ҳайвонҳоро қурбонӣ намекунем, лекин мувофиқи таълимоти Исо сулҳҷӯй будан бо ибодати мо чӣ алоқамандӣ дорад?