Айюб 10:1-22
10 Аз ҳаётам безорам.+
Дарду алами диламро мебарорам.
Ғаму андуҳамро* баён мекунам!
2 Ба Худо хоҳам гуфт: “Маро айбдор эълон накун.
Ба ман бигӯй, ки чаро бо ман мубориза мебарӣ.
3 Ба ту чӣ фоида аз он ки ба ман зулму ситам намоӣВа аз офаридаи худ* нафрат кунӣ,+Дар сурате ки нақшаҳои бадкоронро дуруст мешуморӣ?
4 Оё чашмони ту мисли чашмони одамизод аст?
Оё ту мисли инсони хокӣ нигоҳ мекунӣ?
5 Оё рӯзҳои ту мисли рӯзҳои инсони миранда аст,Оё солҳои ту баробари солҳои одамизод аст,+
6 Ки дар ман хато меҷӯйӣВа гуноҳамро ёфтанӣ мешавӣ?+
7 Ту медонӣ, ки гунаҳкор нестам.+
Ҳеҷ кас маро аз дасти ту халос карда наметавонад.+
8 Ту бо дастони худ маро шакл додӣ ва сохтӣ,+Лекин ҳоло несту нобуд кардан мехоҳӣ.
9 Илтимос, ба хотир биёр, ки ту маро аз гил сохтӣ,+Аммо ҳозир ба хок бармегардонӣ.+
10 Магар ту маро мисли шир нарехтаӣВа мисли панир қиём накардаӣ?
11 Ту маро пӯсту гӯшт пӯшондаӣ,Аз устухон ва рагу пайванд бофтаӣ.+
12 Ту ба ман ҳаёт бахшидаӣ ва меҳру вафо кардаӣВа бо ғамхориҳоят ҳаётамро* нигоҳ доштаӣ.+
13 Лекин дар даруни дилат ният доштӣ, ки ин чизҳоро бар сари ман биёрӣ.
Ман медонам, ки ин чизҳо аз тарафи туянд.
14 Агар гуноҳе мекардам, ту инро медидӣ+Ва аз хатоям чашм намепӯшидӣ.
15 Агар гунаҳкор бошам, вой бар ҳоли ман!
Агар гунаҳкор набошам ҳам,Аз бори дарду азоб+ ва беобрӯгӣ сарамро бардошта наметавонам.+
16 Агар сарамро бардорам, ту маро мисли шер сайд мекунӣ+Ва қуввати худро боз бар зидди ман ба кор мебарӣ.
17 Шоҳидони навро бар зидди ман меорӣ,Хашму ғазабат бар ман бештар аланга мезанадВа бадбахтиҳо яке пайи дигаре бар сарам меоянд.
18 Пас, чаро маро аз шиками модар берун овардӣ?+
Пеш аз он ки чашми касе маро бубинад, бояд мемурдам.
19 Он гоҳ маро, мисли он ки ҳеҷ гоҳ вуҷуд надоштам,Аз шиками модар рост ба қабр мебурданд”.
20 Магар рӯзҳои ман камшумор нестанд?+ Пас, бигзор ӯ маро ба ҳоли худ гузорад.
Бигзор чашмонашро аз ман дур созад, то ман андаке оромӣ ёбам*,+
21 Пеш аз он ки ба ҷое равам, ки дигар аз он барнамегардам,+Ба кишвари торикиву зулмот*,+
22 Ба сарзамини тираву тор,Ба он ҷое ки саропо торик ва зеру забар аст,Ки он ҷо равшанӣ ҳам мисли сиёҳист».
Поварақҳо
^ Ё «Талхии ҷонамро».
^ Ё «аз амали дастонат».
^ Дар матни асл «нафасамро; рӯҳамро».
^ Ё «андаке ҷон гирам».
^ Ё «кишвари торикӣ ва сояи марг».