Айюб 38:1-41
38 Он гоҳ Яҳува аз миёни гирдбод ба Айюб ҷавоб гардонда гуфт:+
2 «Ин кист, ки нафаҳмида гап мезанадВа ба қарору ниятҳои ман торикӣ меандозад?+
3 Миёнатро мисли мард маҳкам бубанд,Биё, ман ба ту савол медиҳам ва ту ба ман фаҳмон.
4 Вақте ман бунёди заминро мегузоштам,+ ту дар куҷо будӣ?
Агар худро бофаҳм шуморӣ, ба ман гап зан.
5 Оё ту медонӣ, ки андозаҳои онро кӣ муқаррар намудаастВа кӣ онро бо таноб чен кардааст?
6 Асосҳои он бар чӣ гузошта шудаастВа кӣ санги гӯшаи онро гузошт,+
7 Вақте ситорагони субҳ+ якҷоя нидоҳои шодӣ мебаровардандВа ҳама писарони Худо*+ аз шодӣ фарёд мезаданд?
8 Кист, ки бар баҳр дарвоза гузоштааст,+Вақте он ҷаста аз батн берун меомад,
9 Вақте ман онро бо абрҳо пӯшондамВа бо зулмоти тор парпеч кардам,
10 Вақте бар он ҳадВа дару қулфҳо гузоштам,+
11 Ва гуфтам: “То ҳамин ҷо биёву аз он нагузар,Ин сарҳадест барои мавҷҳои мағрури ту”?+
12 Оё ту ягон бор ба саҳарӣ фармон додаӣЁ ба субҳ ҷояшро нишон додаӣ,+
13 То саросари заминро фаро гирадВа бадкоронро аз он афшонад?+
14 Замин мисли гили зери муҳр дигаргун мегардадВа тарҳи он мисли либоси зебое намоён мешавад,
15 Вале бадкорон аз нурашон маҳрум мегардандВа бозуи баландашон шикаста мешавад.
16 Оё ту ба сарчашмаҳои баҳр рафта расидаӣЁ қаъри баҳрро омӯхтаӣ?+
17 Оё дарвозаҳои марг+ ба рӯят кушода шудаанд,Ё дарвозаҳои зулмоти торро* дидаӣ?+
18 Оё ту паҳнои заминро дарк кардаӣ?+
Агар ҳамаи инро донӣ, ба ман бигӯй.
19 Макони рӯшноӣ+
Ва манзили торикӣ дар куҷост,
20 То онро ба сарзаминаш бибарӣВа роҳи хонаи онро бифаҳмӣ?
21 Оё ту он вақт таваллуд ёфта будивуШумораи солҳоят* чунон зиёд аст, ки ин чизҳоро медонӣ?
22 Оё ту ба анборҳои барф+ даромадаӣВа анборҳои жоларо+ дидаӣ?
23 Ман онҳоро барои вақти мусибатВа рӯзи муҳорибаву ҷанг нигоҳ доштаам.+
24 Рӯшноӣ* бо кадом роҳ паҳн мешавадВа боди шарқӣ аз куҷо бар замин мевазад?+
25 Кӣ барои тӯфон роҳ кандааст?
Кӣ барои абре, ки борони сел меборонаду гулдуррос мезанад, роҳ кушодааст,+
26 То дар замини бекасВа биёбони беодам биборад,+
27 То даштҳои хушкро сероб намоядВа сабза бирӯёнад?+
28 Оё борон падар дорад+Ва кӣ қатраҳои шабнамро ба вуҷуд меорад?+
29 Аз батни кӣ ях берун меоядВа кӣ шабнами яхбастаи осмонро ба дунё меорад,+
30 Вақте ки обҳо гӯё бо санг рӯпӯш мешавандВа рӯйи обҳои бисёр ях баста сахт мешавад?+
31 Оё метавонӣ бандҳои галаситораи* Киморо* бибандӣЁ танобҳои галаситораи Кесилро* кушоӣ?+
32 Оё галаситораро* дар мавсимаш берун оварда метавонӣЁ галаситораи Айишро* бо писаронаш роҳнамоӣ карда метавонӣ?
33 Оё ту қонунҳоеро, ки осмонро идора мекунанд, медонӣ?+
Оё онҳоро* дар замин ҷорӣ карда метавонӣ?
34 Оё овозатро то ба абрҳо баланд карда метавонӣТо селоб туро бипӯшонад?+
35 Оё ту метавонӣ оташакҳои барқро бифиристӣ,То онҳо омада ба ту гӯянд: “Лаббай!”?
36 Кӣ хирадро дар даруни абрҳо* ҷой додааст+Ё кӣ ба рӯйдодҳои осмонӣ* ақлу фаҳм бахшидааст?+
37 Хиради кӣ ба шумурдани абрҳо мерасад,Ё кӣ кӯзаҳои осмонро чаппа карда метавонад?+
38 Кӣ хокро ба лойоба табдил медиҳад,Ба тавре ки кулӯхҳо ба якдигар мечаспанд?
39 Оё метавонӣ барои шер сайде биёбӣВа шерони ҷавонро сер кунӣ,+
40 Вақте онҳо дар ғорҳояшон пинҳон нишастаандЁ дар лонаашон камин мегиранд?
41 Кӣ ба зоғ хӯрок тайёр мекунад,+Вақте чӯҷаҳои он сӯйи Худо фарёд мекунандВа аз бехӯрокӣ сарсон мешаванд?
Поварақҳо
^ Ибораи иброние, ки дар ин ҷо «писарони Худо» тарҷума шудааст, ба фариштагон ишора мекунад.
^ Ё «сояи маргро».
^ Дар матни асл «рӯзҳоят».
^ Ё, эҳтимол, «Барқ».
^ Ё «бурҷи».
^ Кимо — эҳтимол, ситорагони Парвин, ки дар бурҷи Савр (бурҷи Гов) ҷойгиранд.
^ Кесил — эҳтимол, бурҷи Ҷаббор (бурҷи Сайёд).
^ Дар матни асл «Маззаротро». Дар 2Пш 23:5 ибораи ба ин монанд дар шакли ҷамъ омадааст ва ба бурҷи дувоздаҳгона ишора мекунад.
^ Айиш — эҳтимол, Дубби Акбар (бурҷи Ҳафтдодарон).
^ Ё, эҳтимол, «ҳокимияти Ӯро».
^ Ё, эҳтимол, «дар даруни одам».
^ Ё, эҳтимол, «ба майнаи сар».