Айюб 42:1-17

  • Ҷавоби Айюб ба Яҳува (1–6)

  • Яҳува се рафиқи Айюбро сарзаниш мекунад (7–9)

  • Яҳува Айюбро баракат медиҳад (10–17)

    • Писарон ва духтарони Айюб (13–15)

42  Айюб ба Яҳува ҷавоб гардонда гуфт:   «Акнун ман медонам, ки ҳама кор аз дасти ту меоядВа чӣ нияте, ки дошта бошӣ, амалӣ гардонда метавонӣ.+   Ту гуфтӣ: “Кист, ки нафаҳмида гап мезанад ва ба қарору ниятҳои ман торикӣ меандозад?”+ Бале, ман нафаҳмида гап мезадам,Дар бораи чизҳои аҷоибе, ки аз ақлам берунанд.+   Ту гуфтӣ: “Биё ман гап занаму ту гӯш кун. Ман ба ту савол медиҳам ва ту ба ман фаҳмон”.+   То ҳол гӯшҳоям дар бораи ту шунида буданд,Вале акнун туро бо чашмони сарам мебинам.   Аз ин рӯ аз гуфтаҳоям пушаймонам.+ Дар хок ва хокистар тавба мекунам».+  Баъд аз он ки Яҳува бо Айюб гап зад, Яҳува ба Алифози темонӣ гуфт: «Хашми ман бар зидди ту ва ду рафиқат+ аланга задааст, зеро шумо мисли бандаам Айюб дар ҳаққи ман суханони рост нагуфтед.+  Ҳоло бошад, ҳафт буққа ва ҳафт қӯчқорро бигиред ва назди бандаам Айюб рафта, барои худ қурбонии сӯхтанӣ оред. Бандаам Айюб дар ҳаққи шумо дуо мегӯяд+ ва ман ба ӯ гӯш дода бо шумо аз рӯйи беақлиатон амал намекунам, зеро шумо мисли бандаам Айюб дар ҳаққи ман гапи рост нагуфтед».  Алифози темонӣ, Билдоди шуҳӣ ва Сӯфори наъмотӣ рафта, ба гуфти Яҳува карданд ва Яҳува дуои Айюбро шунид. 10  Пас аз он ки Айюб дар ҳаққи рафиқонаш дуо гуфт,+ Яҳува ба ранҷу азоби ӯ хотима бахшид+ ва рӯзҳои некуаҳволии Айюбро баргардонид. Яҳува аз сарвати пештарааш ба Айюб дучанд бештар дод+ 11  ва ҳамаи бародарону хоҳарон ва ҳама дӯстони пештарааш+ назди ӯ омаданду ҳамроҳи ӯ дар хонааш хӯрок хӯрданд. Онҳо баъд аз ҳамаи бадбахтиҳое, ки Яҳува роҳ дода буд, то бар сари Айюб биёянд, ба ӯ ҳамдардӣ изҳор карданд ва ӯро дилбардорӣ намуданд. Ҳар яки онҳо ба Айюб пул ва ҳалқаи тилло ҳадия кард. 12  Яҳува бақияи умри Айюбро аз аввалааш дида бештар баракат дод.+ Айюб соҳиби 14 000 гӯсфанд, 6000 шутур, 1000 ҷуфт гов ва 1000 модахар шуд.+ 13  Ӯ ҳамчунин бори дигар соҳиби ҳафт писар ва се духтар гашт.+ 14  Ӯ духтари калонияшро Емимо, духтари дуюмашро Қесио ва сеюмашро Қерен-Ҳаппух ном гузошт. 15  Дар тамоми замин мисли духтарони Айюб занони зебо набуд. Ӯ ба онҳо дар баробари бародаронашон мерос дод. 16  Пас аз ин Айюб 140 сол зиндагӣ кард ва фарзандону наберагон ва аберагону чаберагонашро дид. 17  Айюб умри дарозу бобарака дид ва аз олам чашм пӯшид.

Поварақҳо