Айюб 6:1-30

  • Ҷавоби Айюб (1–30)

    • Ӯ мегӯяд, ки шикояташ асос дорад (2–6)

    • Тасаллидиҳандагонаш бевафоӣ мекунанд (15–18)

    • «Гапи рост ба кас сахт намерасад!» (25)

6  Айюб ҷавоб гардонда гуфт:   «Кошки дарди+ маро бармекашидандВа бо он азоби маро бар тарозу мегузоштанд!   Зеро он аз реги баҳрҳо вазнинтар аст. Барои ҳамин ҳам ман девонавор сухан мегуфтам.+   Тирҳои Худои Тавоно* маро шикоф кардаандВа вуҷудам* заҳри онҳоро менӯшад.+ Даҳшатҳои Худо бар зидди ман саф бастаанд.   Магар гӯрхар+ алаф дошта бошад, ҳанг мезанад? Оё буққа коҳ дошта бошад, баос мезанад?   Оё хӯрокро бе намак мехӯранд? Магар оби гули хайрӣ маза дорад?   Ҷони ман аз даст расондан ба ин чизҳо нафрат дорад. Инҳо мисли чизе ҳастанд, ки хӯрокамро ҳаром мекунанд.   Эй кош орзуи ман ҷомаи амал мепӯшидВа Худо армони диламро иҷро мекард!   Кошки Худо маро нест мекардВа дасташро дароз карда, маро нобуд месохт!+ 10  Ҳатто ҳамин бароям тасаллӣ мешудВа бо вуҷуди дарди ҷонкоҳам аз хурсандӣ мепаридам,Зеро ман гуфтаҳои Худои Покро+ рад накардаам. 11  Оё қуввате дорам, ки ба ҳамаи ин тоб орам?+ Чӣ умеде дорам, ки сабр пеша кунам? 12  Магар ҷони ман аз санг астВа оё тани ман аз мис аст? 13  Чӣ тавр ман ба худ кумак кунам, модоме ки ҳеҷ кас мададгорам нест? 14  Ҳар касе меҳру вафояшро аз инсони дигар дареғ дорад,+ тарс аз Худои Тавоноро гум кардааст.+ 15  Бародарони ман мисли маҷрои оби зимистон бевафоӣ карданд,+Мисли оби зимистон, ки хушк мешавад. 16  Онҳо аз ях тираранг шудаандВа дар дарунашон барфи обшуда пинҳон аст. 17  Аммо, ҳамин ки мавсимаш ояд, онҳо хушк мешавандВа, вақте гарм шавад, онҳо бухор мешаванд. 18  Самти онҳо каҷукилеб мегардад,Онҳо ба биёбон рехта, нест мешаванд. 19  Корвонҳои Темо+ онҳоро меҷӯяндВа сайёҳони Сабо+ ба онҳо умед мебанданд. 20  Лекин, вақте умедашон амалӣ намегардад, онҳо шарманда мешаванд;Вақте ба он ҷо меоянд, ноумед мешаванд. 21  Кумаки шумо низ мисли ин обҳо фиребанда аст;+Шумо фалокати даҳшатноки маро дида, тарсидед.+ 22  Оё ман гуфтам: “Ба ман ягон чиз диҳед!”? Оё аз шумо талаб намудам, ки аз неъмати худ бароям туҳфае биёред? 23  Оё аз шумо илтиҷо карда будам, ки маро аз дасти душманон наҷот диҳедВа ё аз дасти золимон раҳо кунед*? 24  Маро насиҳат диҳед* ва ман хомӯш мемонам.+ Хатоямро ба ман бифаҳмонед. 25  Гапи рост ба кас сахт намерасад!+ Лекин аз сарзаниши шумо чӣ фоида?!+ 26  Оё шумо мехоҳед маро барои суханонам сарзаниш кунед? Охир, ман як шахси дилшикастаам+ ва суханони маро бод мебарад! 27  Модом ки чунин мекунед, шубҳае нест, ки шумо дар ҳаққи ятим+ ҳам қуръа партоедВа дӯсти худро низ фурӯшед!+ 28  Акнун ба ман назар кунед. Наход ман ба рӯятон нигоҳ карда дурӯғ гӯям?! 29  Илтимос, аз нав фикр карда бароед — айбро бар гарданам бор накунед. Бале, аз нав фикр кунед, зеро ман росткориамро аз даст надодаам. 30  Наход дар забонам ноинсофӣ бошад? Наход комам мазаи ғамро пай набарад?

Поварақҳо

Ё «Абарқудрат».
Дар матни асл «рӯҳам».
Дар матни асл «бихаред», «бозхарид кунед».
Ё «таълим диҳед».