Доварон 13:1-25
13 Исроилиён боз он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал оварданд+ ва Яҳува онҳоро ба муҳлати 40 сол ба дасти фалиштиён супурд.+
2 Он вақт дар Исроил Монӯаҳ+ ном марде зиндагӣ мекард, ки аз Соръо,+ аз хонадони Дон,+ буд ва занаш нозой ва бефарзанд буд.+
3 Рӯзе фариштаи Яҳува ба он зан намудор гашта, гуфт: «Инак, ту нозой ва бефарзанд ҳастӣ, аммо ҳомила шуда, писаре таваллуд мекунӣ.+
4 Пас, эҳтиёт кун, ки шароб ё ягон нӯшокии мастиовар нанӯшӣ+ ва ягон чизи ҳаром нахӯрӣ.+
5 Ту ҳомиладор шуда, писаре ба дунё меорӣ ва ба сари ӯ набояд теғи сартарошӣ бирасад,+ зеро ӯ аз батни модар назрии* Худо мешавад ва исроилиёнро аз дасти фалиштиён наҷот медиҳад».+
6 Зан назди шавҳараш рафта, гуфт: «Ба назди ман марди Худо омада буд. Ӯ монанди фариштаи Худо пурҳашамат буд. Ман напурсидам, ки ӯ аз куҷост, ва ӯ низ номи худро ба ман нагуфт.+
7 Ӯ ба ман гуфт: “Инак, ту ҳомиладор шуда, писаре таваллуд мекунӣ. Пас, эҳтиёт кун, ки шароб ё ягон нӯшокии мастиовар нанӯшӣ ва ягон чизи ҳаром нахӯрӣ, зеро кӯдак аз батни модар то дами марг назрии Худо мешавад”».
8 Он гоҳ Монӯаҳ сӯйи Яҳува дуову илтиҷо карда гуфт: «Маро бубахш, эй Яҳува, илтимос, бигзор он марди Худо, ки навакак фиристодӣ, боз биёяд ва ба мо дастур диҳад, ки кӯдакеро, ки таваллуд мешавад, чӣ тавр калон кунем».
9 Худо дуои Монӯаҳро шунид ва фариштаи Худо боз ба назди зани вай, ки дар саҳро нишаста буд, омад, вале шавҳараш Монӯаҳ он вақт дар наздаш набуд.
10 Ӯ зуд ба назди шавҳараш давида, ба ӯ гуфт: «Марде, ки он рӯз ба наздам омада буд,+ боз омад!»
11 Монӯаҳ хеста, бо занаш рафт ва ба назди он мард омада, гуфт: «Оё ту ҳамон марде ҳастӣ, ки бо занам гап зада буд?» Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ҳа, ман ҳамон мардам».
12 Он гоҳ Монӯаҳ гуфт: «Илоҳӣ гапат рост барояд! Илтимос, бигӯ, ки ҳаёти кӯдак чӣ гуна мешавад ва ӯ бо чӣ кор машғул мегардад?»+
13 Фариштаи Яҳува дар ҷавоб ба Монӯаҳ гуфт: «Бигзор занат аз ҳар чизе, ки ба вай гуфтам, парҳез кунад.+
14 Ӯ набояд аз ҳосили токи ангур бихӯрад, шароб ё нӯшокиҳои мастиовар бинӯшад+ ва ягон чизи ҳаромро ба даҳон гирад.+ Бигзор тамоми гуфтаҳои маро риоя кунад».
15 Монӯаҳ ба фариштаи Яҳува гуфт: «Илтимос, каме биист, то бароят бузғолаеро пухта, орем».+
16 Фариштаи Яҳува гуфт: «Истам ҳам, хӯроки туро намехӯрам, аммо, агар ба Яҳува қурбонии сӯхтанӣ пешкаш карданӣ бошӣ, инро бикун». Монӯаҳ намедонист, ки ин фариштаи Яҳува аст,
17 барои ҳамин ба фариштаи Яҳува гуфт: «Номатро ба мо бигӯ,+ то, вақте суханонат амалӣ гарданд, туро иззату икром намоем».
18 Аммо фариштаи Яҳува ба ӯ гуфт: «Барои чӣ номамро мепурсӣ? Он аҷиб аст».
19 Он гоҳ Монӯаҳ бузғола ва ҳадияи ғалларо гирифта, бар харсанге ба Яҳува пешкаш кард ва, вақте Монӯаҳу занаш нигоҳ карда меистоданд, ӯ кори аҷоибе кард.
20 Аз қурбонгоҳ алангаи оташе сӯйи осмон баромад ва фариштаи Яҳува дар пеши назари Монӯаҳу занаш дар ин аланга ба осмон баромад. Инро дида онҳо дарҳол рӯ ба замин афтоданд.
21 Фариштаи Яҳува дигар ба Монӯаҳ ва занаш намудор нагашт. Он гоҳ Монӯаҳ фаҳмид, ки ин фариштаи Яҳува буд.+
22 Ӯ ба занаш гуфт: «Мо ҳатман мемирем, зеро Худоро дидем».+
23 Аммо занаш ба ӯ гуфт: «Агар Яҳува моро куштан мехост, аз дастамон қурбонии сӯхтаниву+ ҳадияи ғалларо қабул намекард, ин чизҳоро ба мо нишон намедод ва ин суханонро намегуфт».
24 Чанде пас зани Монӯаҳ писаре таваллуд кард ва номашро Шимшӯн+ монд. Он кӯдак калон мешуд ва Яҳува ӯро баракат медод.
25 Бо гузашти вақт дар Маҳанеҳ-Дон,+ байни Соръо ва Эштоул,+ рӯҳи Яҳува дар ӯ амал намудан гирифт.+
Поварақҳо
^ Маънояш «шахсе, ки барои коре ҷудо шудааст; шахсе, ки ба касе бахшида шудааст».